Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби занон ба омӯзишҳои беҳдоштӣ дар Рашт


Созмони байнулмилалии "Ҳайъати шафқат" бо мадади Бунгоҳи кӯмаки Иёлоти Муттаҳида ва ё иҷрои як барномаи навро дар деҳоти дурдасти водии Рашт сар кард, ки асосан ба беҳбуди вазъи занон бахшида шудааст. Сарпарасти бахши беҳдошт дар ин барнома Гулрухсор Нурова гуфт, барнома дар се самт - тандурустии занон, кӯмаки озуқавӣ ва таҳкими ҳаракати фермерӣ пеш бурда мешавад. Вай афзуд, занон ба чунин барномаҳо ниёзи зиёд доранд.
Созмони байнулмилалии "Ҳайъати шафқат" аз соли 1998 фаъолияти худро дар ноҳияҳои водии Рашт шурӯъ намуда, дар бозсохти риштаҳои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, беҳдошт, кишоварзӣ, омӯзиш ва таъмин бо оби ошомиданӣ саҳм гирифтааст.
XS
SM
MD
LG