Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси шӯрои байнидавлатии инержӣ дар Осиёи Марказӣ


Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз таъсиси як шабакаи воҳиди инержӣ ва ташкили шӯрои байнидавлатии ин ниҳод дар Остона хабар доданд. Шӯрои муштарак қарор аст, фаъолияти тавлидкунандагони инрежӣ, расонандагон ва тақсимкунандагони онро ҳамоҳанг созад. Раиси Ширкати давлатии шабакаҳои барқи Қазоқистон Қанот Бозумбоев гуфт, якҷо бо ниҳоди ӯ, ширкати "Барқи Тоҷик"-и Тоҷикистон, Узбекэнергои Ӯзбакистон ва Шабакаи миллии барқи Қирғизистон муассисони шабакаи нав мебошанд. Вай афзуд, тарафҳо розӣ шуданд, созмонеро ба вуҷуд оранд, ки бояд дурнамои саноати инержии Осиёи Марказиро тарҳрезӣ ва ҳамоҳанг сохта, истифодаи захираҳои обу барқро ба танзим орад ва дар таъмини шабакаҳои миллӣ бо таҷҳизоти муосир ва мутахассисони кордон нақши миёнравро ба ҷо орад. Бозумбоев гуфт, нахустин нишасти шӯрои мазкур дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо муваффақият ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG