Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таърихи нави сафари Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон


Сафари кории президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон, ки мебоист, субҳи имрӯз аз марзи миёни ду кишвар шурӯъ мешуд, ба гуфтаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ ба иллати бемории раисҷумҳури Афғонистон мавқуф гузошта шуд. Сафири Афғонистон дар Душанбе афзуд, қарор шудааст, боздиди раисҷумҳури Афғонистон аз Тоҷикистон рӯзи ҳаждаҳуми июн шурӯъ бишавад. Ин бори дуюм аст, ки санаи сафари Карзай ба Тоҷикистон тағйир дода мешавад. Тибқи нақшае, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Кобул эълон карда буд, мулоқоти сарон ва ширкати онҳо дар маросими "хишти аввал"-и пули рӯи рӯдхонаи Панҷ мебоист рӯзи 1-уми июн ба амал меомад. Ва аммо ин сафар нахуст ба рӯзи сенздаҳум ва ҳам ин навбат ба ҳаждаҳуми июн мавқуф гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG