Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмак барои таскини дарди даҳҳо ҳазор нафар дар Тоҷикистон


Тибқи иттиллои вазорати беҳдошти Тоҷикистон, Бунёди Глобалӣ ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ, чаҳор барномаи соҳаи тандурустиро сармоягузорӣ кардааст. Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд, чаҳор барномае, ки аз ҷониби бунёди мазкур дастгирӣ ёфт, ҷиҳати табобат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои СПИД, сил, табларза ва ҷоғар пешбинӣ шудаанд: "Ахиран боз ду барномаи мо аз ҷониби Бунёди Глобалӣ дастгирӣ ёфт, ки бо ду барномаи қаблӣ ҷамъ 10,5 миллион доллар мебошад ва мо дар кишварамон аз ҳамин сол сар карда ба табобати ҷиддии ин бемориҳо шуруӯ мекунем."

Ҷаноби Файзуллоев афзуд, бахусус афзоиши бемории ҷоғар дар кишвар нигаронкунанда мебошад. Ба қавли ӯ, дар сурати саривақт табобат нашудани бемории ҷоғар, он метавонад, паёмадҳои нохушеро ба дунбол дошта бошад ва дар сурати ҳадафнок масраф шудани кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва боло бурдани маърифати беҳдоштии мардум, ин ва бемориҳои дигари сироятиро дар кишвар метавон коҳиш дод.

Аммо соҳибназарон бар инанд, ки яке аз роҳҳои ҳадафнок истифода шудани маблағҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, аз миён бурдани фасод дар соҳаи беҳдоштӣ мебошад. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи стратегии назди раёсати ҷумҳур, дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар сурате, ки дар кишвар табобати пулакӣ ба роҳ монда шудааст, бояд ҳатман коррупсия дар соҳаи тандурустӣ аз миён бардошта шавад, ё ҳадди аққал коҳиш дода шавад, Алайҳи он на танҳо ниҳодҳои интизомӣ, балки тамоми ҷомеъа бояд мубориза барад."

Тибқи омори расмӣ анқариб 10 фоизи мардуми Тоҷикистон, бинобар истифодаи намакҳое, ки дар таркибашон йод кам аст, мубталои бемории ҷоғар шудаанд, ки 60 дар садашон занону кӯдакон мебошанд.
XS
SM
MD
LG