Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобистони пур аз борони Тоҷикистон


Бар асоси иттилои Анвар Ҳомидов, муовини раиси оҷонсии обуҳавосанҷии Тоҷикистон боришоти зиёди борон ва жола дар ҳудуди кишвар то ду рӯзи баъд идома хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, иллати аслии боришоти чанд рӯзи ахир дар фазои Осиёи Марказӣ омезиши ҳавои сарди шимолӣ ва ҳавои намноки ғарбӣ мебошад, ки боиси паст шудани ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ ва ворид гаштани хисороти зиёд ба хоҷагии сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон шуд. Бар асоси омори пешниҳодкардаи ҷаноби Ҳомидов, ҳарорати ҳавои минтақа дар муқоиса ба соли гузашта чанд дараҷа поин будааст. Анвар Ҳомидов гуфт, тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба дигаргуншавии иқлими минтақа марбут аст. Ӯ гуфт, маъмулан, ҳарорати моҳонаи ҳаво дар июн дар Душанбе бояд 24.9 дараҷа бошад, вале дар соли 2004 ҳарорати ҳаво дар моҳи июн 1,2 дараҷа баланд ва дар соли 2003 1,2 дараҷа хунук буд.
Муовини раиси обуҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, поин рафтани ҳарорати ҳаво дар моҳи июн сабаби паст шудани инкишофи зирооту меваҳо ва ҳамчунин талаф гаштани бархе аз ҳосили киштаҳои деҳқонон шуд. Ин дар ҳолест, ки феълан дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ҷамъоварии ғалла, ғизои аслии сокинон ва зироати дигар шурӯъ шудааст ва боришот дар ин маврид мушкилоти зиёд ба бор овардааст. Дар зимн арзиши меваву сабзавот, аз ҷумла, помидор ва бодиринг нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб се баробар гаронтар шудааст.
XS
SM
MD
LG