Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор кушта ва се ҳазор бесарпаноҳ бар асари сел дар Панҷакент


Боришоти зиёд дар ноҳияи Панҷакент се тифл ва як занро кушта ва беш аз се ҳазор сокини ин ноҳияро бесарпаноҳ гузоштааст. Абдураҳим Раҷабов - муовини вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари селхезӣ ҳудуди сад манзили зист комилан хароб ва беш аз дусад манзили дигар сукунатношоям гаштааст. Селхезии шаби гузашта ҳамчунин даҳҳо километр роҳи мошингардро хароб ва убуру мурури васоили нақлияро миёни деҳкадаҳои зарардида қатъ кардааст.
Абдураҳим Раҷабов гуфт, хисороти молӣ ҳанӯз рӯшан нашудааст вале бар асоси ҳисобҳои пешакӣ хисороти ворида чандин миллион сомонӣ тахмин зада мешавад. Дар минтақаи офатзада ситоди фаврӣ барои расонидани кӯмакҳои моддии аввалия ташкил шудааст ва Мирзо Зиёев, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо як ҳайати вазорати изтирории ин кишвар ба минтақаи офатрасида сафар кардааст.Аз сӯи дигар, Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ бо Қосим Қосимов - устондори вилояти Суғд ва Шакарбек Самадов - раиси ноҳияи Панҷакент дастур додааст, барои афроди бесарпаноҳшуда ҷиҳати бунёди манзил замин ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо кунанд.
XS
SM
MD
LG