Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ганҷ ва осорҳои нодири форсӣ-тоҷикии вилояти Шинҷони Чин


Шинҷон

Дар вилояти Шинҷони Чин мураттабсозӣ ва нашри дастхатҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ шурӯъ шуд. Дар бунёди дастхатҳо, ки дар назди идораи омори милли вилояти Шинҷони Чин таъсис шудааст, дар қатори дигар дастхатҳо ҳудуди 5 ҳазор дастхатҳои қадимаи форсӣ маҳфузанд. Дастхатҳо риштаҳои адабиёт, забон, дин, фалсафа, риёзиёт, таърих, улуми тиб ва нуҷумро дар бар мегиранд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, қисме аз ин дастхатҳо дар тӯли таърих аз кишварҳои ҳамсоя оварда шуда, қисми дигар маҳсули дасти муаллифоне мебошанд, ки аз ин сарзамин бархостаанд.

Доктор Замир Саъдулло - сарвари Пажуҳишгоҳи Осиёи Марказии Академияи улуми иҷтимоии Шинҷон изҳор дошт, дар ин вилоят илму фарҳанги форсӣ дар гузашта ҷойгоҳи муносибро ишғол карда буд ва акнун тамоюли омӯзиши бештари ин осор мушоҳида мешавад.

Замир Саъдулло мегӯяд: "Дар Шинҷон бештар аз 30 ҳазор нафар ба тибби суннатӣ мепардозанд ва дастурҳое, ки онҳо аз ниёгони худ мерос гирифтаанд, тақрибан ҳамааш ба забони форсӣ аст, ки онҳоро форсиро наомӯхта наметавонанд, аз ин дастурҳо истифода бикунанд."

Тибқи маълумот, дар Шинҷон дар қарни даҳум забони форсӣ дар макотиб ва мадорис забони омӯзишӣ қарор гирифта, пас аз авохири қарни 19-ум мавқеашро ба тадриҷ дар ин минтақа аз даст додааст. Пажӯҳишгарон мегӯянд, дар байни осори хаттии ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълифшуда эҳтимол дорад, дастхатҳои нодир, ки то ба ҳол аз назари муҳаққиқон берун мондаанд, вуҷуд дошта бошанд. Тартиб додани феҳрасти дастхатҳо ба забони форсӣ-тоҷикӣ ба зиммаи Гулҷаҳон Хушдил, як корманди Донишгоҳи Шинҷон вогузор шудааст. Тибқи қарори ҳукумати Чин то соли 2008-ум бояд феҳрасти кулли осори хаттии мавҷуд дар ин кишвар ба нашр расонида шавад.
XS
SM
MD
LG