Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни дастаҳои мардона бо пирӯзии тими мунтахаби вилояти Суғд ба поён расид. Дар ин мусобиқа дастаи волейболи шаҳри Душанбе мақоми дуввумро ишғол кард. Тими мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи севвум қарор гирифт.
Ва як хабар барои ҳаводорони баскетбол. Дастаи мардонаи «Фаэтон»-и Душанбе, ки дар панҷумин дидори худ бар тими меҳмон - «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо натиҷаи 76 бар 58 ғалаба кард, бо 10 хол дар ҷадвали бозиҳо мақоми аввалро ишғол мекунад.

Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи мухлисони футбол.
Тимҳои миллии футболи Арабистони Саъудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Эрон барои ширкат дар мусобиқоти ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Олмон-2006 роҳ ёфтанд. Ин чаҳор даста дар панҷумин даври мусобиқоти интихобии қораи Осиё бар ҳарифони худ ғалаба карданд. Тими Арабистони Саъудӣ, ки дар майдони худ дастаи Узбакистонро бо натиҷаи 3 бар сифр шикаст дод, бо 11 хол дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро ишғол мекунад. Тими Куриёи Ҷанубӣ, ки дар меҳмонӣ бар мунтахаби Кувайт бо натиҷаи 4 бар сифр ғолиб омад, дар ин гурӯҳ бо 10 хол дар мақоми дуввум қарор дорад. Тими Эрон бо пирӯзӣ бар тими Баҳрайн бо натиҷаи як бар сифр бо сездаҳ имтиёз ба унвони тими нахусти гурӯҳи «В» ба рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2006 роҳ ёфт. Воқеан, дидори тимҳои Эрон ва Баҳрайнро, ки дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон дар ҳузури 100 ҳазор тамошобин баргузор шуд, бисёр мухлисони футбол дар Тоҷикистон низ тавассути шабакаи телевизиони моҳвораӣ тамошо карданд.
Тими Ҷопон, ки бар тими мизбон - Куриёи Шимолӣ бо натиҷаи 2 бар сифр пирӯз шуд, бо 12 хол дар гурӯҳи «В» мақоми дуввумро ишғол мекунад. Бар асоси низомномаи мусобиқот тими Баҳрайн, ки дар ин гурӯҳ бо чаҳор хол дар ҷойи севвум аст,ҷиҳати идомаи мубориза барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо муддаиёни мақоми севвум дар гурӯҳи «А» - ё тими Кувайт ва ё тими Ӯзбакистон рақобат хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG