Пайвандҳои дастрасӣ

"Хоб кардум ба дасти рост, Дасти чапум ай қафост, Хестанум амри Худост."


Дуо ҳамчун як самти муайяни адабиёти шифоҳӣ устухонбандиву жанр ва шаклҳои мухталиф дорад, мегӯяд мардумшиноси ҷавон, Дилшод Раҳимӣ. Ва ҳини дуогӯӣ ва ё дуогирӣ аз анвоъи он эҳтироми қавӣ мегузоранд. Ба унвони мисол, нафаре, ки сафар дорад, аз дуогузор, ки дар навбати худ, ягон нафари маъруф, маҳбуб, марди бобаракат ва ё дар ахири кор талбандаву мӯҳтоҷ будааст, дуои сафар талаб мекунад. Дуогӯй низ бояд ҳатман дуои сафар диҳад, на дуои нон, садақа, хайрот, назр, кушоиши кор ва дигару дигар...Яъне дар дуо жанрҳои он сахт риоя мешаванд.Навъҳои дуо ихчам, лухт, муайян ва шикастнопазиранд, ки тақрибан дар тамомии мавзеъи Точикистон бетағйир ба гӯш мерасанд.Гӯш диҳем, ба ин дуоҳои маъруфтарин, ки бо кӯмаки ҳамкоронам Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол ва Маҳмуди Шодӣ дар Суғду Бадахшону Рашт гирдоварӣ шудаанд: Ин дуо аз Маъсум аст, «дуои нон, бақои имон, дар ҳаққи хонадон, мо кам кардем, худо зиёда гардонад!», аз Мирзоҷалол «Худоё, Худовандо! Мардуми моро аз чархи паррон, аз қаҳтии нон, аз суми сутури бегонагон, ту нигаҳ дорӣ!» ва ҳамакнун дуои дигар аз Ғарм «Ало нур, бало дур, ба ҳаққи Худову Расул, худо хайротун шава қабул!»
Анвоъи дуо, ки моломол аз сухани қофиядор, насри мусаҷҷаъ намунаи беҳтарини лутфи мардумианд, ки бо мурури вақт суфта шудаанд ва хеле гӯшнавозанд.Ва аммо Маъсум аз Хуҷанд мегӯяд, дуоҳои вижае дар зодгоҳи ӯ, ноҳияи Ашт будааст, ки бо маросими дигари зардуҳуштӣ пайванданд. Мисоли ин дуо:
«Испанд, испанд дуд кун, балоҳора дур кун! Ин дуо аз зардуҳуштӣ ва оташпарастӣ маншаъ мегирад, ки ба бовари мардум, дуду оташи испанд деву ҷинҳоро аз хона бадар карда, ба соҳиби хонадон фараҳу нишот ва офият меорад»

Мардумшиносон мегӯянд, дуо шаклу тобишҳои зиёде дорад, ки агар ағлаби он муталлиқ ба дини мубини Ислом аст, пас бархи дигар, амсоли ҳамин дуои сипанд, ки шунавидем, ба оинҳои зардуҳуштӣ бастагӣ доранд. Ва аммо навъи дуое, ки ҳамакнун мо дар борааш хоҳем гуфт, махсусияти вижа дорад ва ростӣ то ҳамин дам ман ҳам намедонистам, ки он шомили анвоъи дуо будааст. Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, «нӯшбод, ё тости русӣ, ки маъруфтар аст, дар асл дуо будааст, ки ба гунаи дигар мардум бо нӯшбод ба соҳиби дастурхон дуои нек медодаанд.» Ва агар бигирем, ки классикони назми форсии тоҷикӣ рубоъиёту дубайтиву мадҳу қасоид офаридаанд, пас ба истилоҳи мардумшиносон онҳо дуо додаанд, на чизи дигар.
«Ё раб камоли офиятат бардавом бод!», ё худ « Ғорат куниву моли ятимон бубарӣ, Кофар бошам агар мусалмон бошӣ!». Ин дуост. Дуои Ҳилолӣ бар бедодгарии Убайдуллохони ӯзбак, ки Хуросонро ба дасти қатл дода буд.
Ва аммо нӯшбод, имрӯз ҳам дар байни мардум роиҷ аст. Ва воқеан агар бигирем, ки мардум дар ин рӯз аз нийоиш кор мегиранд, пас мусаллам аст, ки ориён на танҳо дар рӯзи ғаму мотам, ки дар сӯру хурсандии ҳам ба ҳамдигарӣ дуо мегуфтаанд.
Ва аммо дар баробари накӯиандешӣ, ки маншаъ аз гуфтори неки зардуҳуштӣ мегирад, дашном ҳам дуо будааст. Азизи Азиз- нависандаи атфол мегӯяд: «Дашном ҳам дуои бад аст! Масалан агар ягон касро «хар» гӯянд, пас ин дуои бад дар ҳаққи ҳамон нафар аст, ки хӯи бад доштааст!»
Санъати саҷъ дар дуоҳои мардумӣ ба ду гуна ба чашм мехӯрад, ки назири онҳо дар адабиёти классик нест. Зеро дар дуо на танҳо феълҳо, ки тамоми ҳиссаҳои нутқ қофибандӣ шудаанд. Дилшод Раҳимов меафзояд:
« Саҷъе, ки дар дуоҳо ба назар мерасад, аз назари таркиби грамматикӣ қариб ба ҳамаи ҳиссаҳои нутқ вобастагӣ дорад. Ба таври қофия омадани исму сифат, феълу зарф бештар ба мушоҳида мерасад»

"Хоб кардум ба дасти рост, Дасти чапум ай қафост, Хестанум амри худост." Ин дуои хоб буд, ки ба таъбири мардумшинсоон дар ҳама гӯшаи кишвар бо лаҳаҷоту гунаҳои мухтлаиф ва аммо ҳаммаъно қабл аз хоб мардум мехонад. Ва аммо соҳиби ин ҳама колои гаронақд, ин ҳама насри мусаҷҷаъ ва каломи сеҳрафган худи мардум аст.

Ва агар мо сари мавзӯъи тиҷорати ин коло сухан нагӯем, пас гузориши мо ноқис хоҳад монд.Байни талбандагон, хоса лӯлиён дуогӯҳои касбӣ будаанд, ки дар бастагӣ ба ҳаҷми хайрия дуоро метавонанд тӯл диҳанд. Ва аммо таваҷҷӯҳ кунед, ки ба ин ҳангом низ қолаби дуоҳо тағйир намеёбад.Ҳар дуо, ки дақиқаҳо ва соатҳо тӯл мекашад, зодаи тахаййули мардум аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо суфта шудааст ва дар мавриде, ки сари рубоиёти Хайёму девони Ҳофиз баҳсҳои тунд перомуни мавзӯъи ба кӣ тааллуқ доштани ин ё он байт бархостааст, дуоҳои мардумӣ ба ҳеҷ ваҷҳ газанд надидаанд. Ва ин раванд собит менамояд, ки колои зодаи тахаййули мардум дилчасптару хубтар ба дилҳо асар дорад ва роҳӣ сӯи абад аст!

Дар охири гузориш ман, Сайёфи Мизроб ба ҷамиъи ҳамкоронам дар Хуҷанду Хорӯғ ва Хатлону Рашт барои кӯмак дар таҳияи сериоли мазбур сипос мегӯям! Илоҳо, ҳазорсола шавед! Омин.


"Дасти дуои Ҳофиз таъвизи чашмзахм аст"
XS
SM
MD
LG