Пайвандҳои дастрасӣ

Журналистон қазияи боздошти Ҷумъабой Толибовро таҳқиқ мекунанд


Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон як гурӯҳи хабарнигорон аз васоити ахбори оммаи кишварро ҷиҳати таҳқиқи қазияи боздошти Ҷумъабой Толибов, мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ, як нафар журналисти маҳаллӣ, ба ин минтақа фиристод. Наргис Зокирова, корманди анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин маврид гуфт, таъсиси гурӯҳи таҳқиқотии мазкур ба дунболи муроҷиати ҳамсари Ҷумъабой Толибов, ба анҷумани мо дар мавриди боздошти ғайриқонунии ҳамсараш аз сӯи мақомоти интизомии ин ноҳия сурат гирифтааст.Бино ба гуфтаи хонум Зокирова, дар ин ҳайат хабарнигорон аз рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Минбари халқ», коршиноси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, коршиноси ҳуқуқӣ ва як нафар хабарнигори мустақил шомиланд. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ки ҳайати мазкур рӯзи ҷумъаи 10 июн ба Душанбе баргардад ва дар зимн натоиҷи ин таҳқиқот интишор бишавад.
Дар ҳамин ҳол, Трой Этулайн, раиси дафтари Интернюс Тоҷикистон гуфт, ин созмон низ ба қазияи боздошти Ҷумъабой Толибов мутаваҷҷеҳ аст ва аз ин рӯ як нафар хабарнигор ва як нафар ҳуқуқшиноси худро ҷиҳати дар ҷои воқеа ба асли қазия шинос ва дар ин маврид маълумоти бештар пайдо кардан ба ноҳияи Айнӣ фиристодааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG