Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи ислоҳи қонуни забон


Комисюни вижаи ислоҳи қонуни забони Тоҷикистон нахустин ҷаласаи худ ба манзури баррасии тарҳи ислоҳи ин қонунро доир кардааст. Ғаффор Ҷӯраев -раиси комисюни татбиқи қонуни забон ва узви ҳайати ислоҳоти қонуни мазкур гуфт, қонуни забони Тоҷикистон дар 16 соли пеш қабул шуда ва бисёр моддаҳои он ба ҳамон давра, давраи Шӯравӣ созгор буданд ва имрӯз бо касби истиқлол зарурати ислоҳи қонуни забони Тоҷикистон пеш омадааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи таҳриргарони қонун, акнун дар таҳрири нав забони муошират ва равобити хориҷӣ ва коргузорӣ ба сурати комил забони давлатӣ хоҳад шуд. Ва ҳам акнун ба гуфтаи масъулини комисюни ислоҳи қонуни забон барои касоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол хоҳанд кард, қонуни ҷадид шояд талаботи бештаре пешбинӣ кунад. Аммо оё қонуни нави забон, ки барои довталабони Раёсати ҷумҳурӣ донистани забони давлатиро шарт медонад, ин довталабонро водор ба имтиҳон додан хоҳад кард ё не идомаи баҳсҳо ва тасмими камисюн дар ин замина мушаххастар хоҳад кард. Ба гуфтаи масъулини таҳияи тарҳи ислоҳот як мавриди дигари бисёр муҳим забони илм ва расонаҳост, ки қонуни нав сиёсати забонии расонаҳоро низ танзим хоҳад кард.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG