Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи гарми маҳфили Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе


Консерти барномаи "Ояндасоз"- и бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид аз ҷониби бинандаҳо баҳои баланд гирифт ва истиқболи гарм ёфт. Дар ин консерт, ки дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, овозхонҳои шинохта ва маҳбуби ҷавонони тоҷик Нобовар Чиноров, Ҳаким Ҳабибов аз гурӯҳи "Фарзин" ва Дилноза Каримова ширкат доштанд ва тозатарин таронаҳои худро пешкаши мухлисон карданд.
Аммо ин маҳфили "Ояндасоз" танҳо аз ҳунарнамоии овозхонҳо иборат набуд, балки дар он ҷавононе низ ширкат доштанд, ки дар ҳалли ин ё он мушкили ҷавонон саҳм гирифтаанд. Аз ҷумла дар ин консерт шогирдони Насиба Ҳомидова - духтараке ҳунарнамоӣ карданд, ки сарнавишти аҷибе дорад. Доиранавозии ҳунармандони наврас, ки баъзеи онҳо кӯдакони хиёбонӣ ҳастанд, ба истиқболи гарми ҳозирон рӯ ба рӯ шуд. Насиба баъди кашидани сахтиҳо ва корҳои вазнини зиёд дар бозорҳои Душанбе ҳоло таъмингари худу хонаводаи хеш аст ва ба дигарон низ мадад мекунад, то дар оянда зиндагии муносиб дошта бошанд.
Дар сӯҳбат бо барномаи "Ояндасоз" иддае аз ҷавонони тоҷик гуфтанд, хуб аст агар дар оянда "Ояндасоз" чунин маҳфилҳо зиёдтар доир кунад, ки дар он ҷавонони тоҷик метавонанд, дар баробари хушҳолӣ озодона доир ба мушкилоти худ баҳс кунанд. Нахустин консерти барномаи "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ, ки махсус барои ҷавонон ва умуман барои ҳама шунавандаҳо аст, тирамоҳи соли гузашта дар Кохи Иттифоқҳои Касабаи шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG