Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури нави додситон дар робита ба парвандаи хабарнигори тоҷик


Майсара Фохирова - вакили мудофеъи Ҷумъабой Толибов хабарнигори боздоштшудаи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз иттиҳоми додситонӣ ба Ҷумъабой Толибов дар робита ба нашри мақолоти интиқодии ӯ мебошанд.
Қаблан мақомоти додситонӣ мегуфтанд, ки иттиҳомоти эълоншуда ба Ҷумъабой Толибов ба фаъолияти хабарнигории ӯ ҳеҷ робита надоранд ва Ҷумъабой Толибов бинобар қонуншиканиаш ҳангоми иҷрои вазифаи мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст.
Додситонии Тоҷикистон баъд аз сару садо дар атрофи қазияи Ҷумъабой Толибов таҳқиқи парвандаи ӯро аз дӯши додситонии ноҳияи Айнӣ гирифта, ба ихтиёри ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар вилояти Суғд гузоштааст, то ба гуфтаи Абдусамӣ Додобоев - муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқоти беғаразона сурат бигирад.
Дар ҳамин ҳол "Минбари Халқ" - нашрияи ҳизби ҳокими Тоҷикистон Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, ки мақолоти интиқодии Ҷумъа Толибов алайҳи додситони ноҳияи Айниро мунташир кардааст, навиштааст, бепосух боқӣ гузоштани чунин матолиб аз сӯи мақомот боиси эҷоди шубҳа ба худи онҳо мешавад.
Мансур Сайфиддинов - сардабири ин нашрия мегӯяд: "Агар дар воқеъ Ҷумъабой Толибовро барои мақолаҳои интиқодиаш боздошт карда бошанд, пас инро дағалона поймол кардани озодии сухан ва меъёрҳои демократия арзёбӣ намудан лозим аст. Дар ин сурат мо рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамкасби худро, ки ба беҳуқуқии маҳз гирифтораш кардаанд, танҳо гузошта наметавонем."
Ҳарчанд додситонии кулли Тоҷикистон анҷоми қазияи хабарнигорро ба муҳокимаи додгоҳ ҳавола мекунад, аммо бо гузашти тақрибан ду моҳ аз замони боздошт додситонӣ ба Ҷумъа Толибов расман айб эълом накардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG