Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи зӯрхона дар шаҳри Душанбе


Зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» дар шаҳри Душанбе рӯзи сенздаҳуми июл кушоиш меёбад. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин аввалин зӯрхона дар Тоҷикистон аст, ки бо кӯмаки Эрон сохта мешавад ва ба ҳамин манзур нахустин клоси мураббигирии варзишҳои зӯрхонайӣ дар пойтахти ин кишвар доир шуд, ки ба муддати панҷ рӯз идома кард.
Фарид Солеҳов афзуд: «Дар клоси омӯзишӣ, ки дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон баргузор шуд, 60 мураббӣ ширкат карданд. Ба ширкаткунандагон гувоҳномаи сатҳи яки мураббигии варзишҳои зӯрхонайӣ эҳдо шуд. Муршид Аббоси Таборакӣ ва Абулфазли Қанбарӣ устодони эронии ин клос буданд.»
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки дар маросими ифтитоҳи зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе мақомоти олирутбаи эронӣ ва тоҷикистонӣ ҳузур хоҳанд дошт ва афзун бар он филм ва аксҳое аз варзишкорони ду кишвар ба ҳангоми ҳаракоти зӯрхонайӣ ба намоиш дархоҳад омад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG