Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ШУРӮЪИ КОНСЕРТИ "ОЯНДАСОЗ" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ


"Ояндасоз"-ҳо

Дари Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба рӯи 700 нафар ҷавонони тоҷик боз шуд ва ин толори бузург ду соат бештар дар ихтиёри ҷавонони тоҷик ва барномаи "Ояндасоз" аст.

Дар базми имсолаи Ояндасоз дар пойтахти Тоҷикистон имсол овозхонҳо ва гурӯҳҳои попи маҳбуби ҷавонони тоҷик Нобовар Чиноров ва гурӯҳи "Шамс", гурӯҳи "Фарзин", Дилноза Каримова ширкат доранд. Дар ин маҳфил ҳамчунин ҷавононе ширкат мекунанд, ки дар рафъи ин ё он мушкили ҷавонони тоҷик кӯмак мерасонанд ва ё бо рафтори шоистаи худ ибрат барои дигарон ҳастанд.

Дирӯз ҳангоми омодагиҳои ниҳоӣ ба консерти "Ояндасоз дар шаҳри Душанбе Нобовар Чиноров ба Радиои Озодӣ гуфт, баргузории ин гуна маҳфилҳо барои ҷавонони тоҷик бисёр муҳим аст, зеро дар он метавонанд, ҳам хушҳолӣ кунанд ва ҳам доир ба мушкилу пешравиҳои ҷавонон бо ҳамдигар баҳс намоянд. Нобовар Чиноров гуфт, барномаи Ояндасоз дар тағйири худи ӯ нақш дорад, зеро ӯро баъд аз чанд мусоҳиба бо забони тоҷикӣ водор кардааст, ба забони модарии хеш аҳамияти бештар диҳад. Нобовар мегӯяд, қаблан бо дигар расонаҳо ҳамеша бо забони русӣ гуфтӯгу мекард, вале акнун ҳангоми сӯҳбат бо забони модарии хеш ҳеҷ мушкиле надорад.

Хулласи калом имрӯз ҳафтуми июн, соати 14.00 дар Театри давлатии Опера ва Балети шаҳри Душанбе «Радиои Озодӣ" консерти барномаи "Ояндасоз"- ро тақдим мекунад ва ба меҳмонон марҳабо мегӯяд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG