Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзҳои бешумори мактаби махсус барои афроди лол ва ношунавои Душанбе


Дар мактаби миёнаи ғоибонаи махсуси ҷумҳуриявии коргарҷавонон ҳудуди 150 нафар маълулони аз 7 то 40-солаи маҳрум аз гуфтор ва шунавоӣ таҳсил мекунанд ва ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон теъдоди чунин шахсон то ба 6 000 нафар мерасад, мегӯяд Раҳималӣ Табаров мовини раҳбари мактаби мазбур. Дар ин мактаб таҳсил ба таври ғоибона яъне дар як ҳафта 4 рӯз аз синфи 1 то 12 тибқи барномаи таълимии вазорати маориф сурат мегирад. Таваҷӯҳи вижа ба омӯзиши алифбои таҳрикӣ ва ё ба воситаи ҳаракати дасту лаб ифода намудани фикр, дода мешавад.

Хонандагон бо шавқ дарс мехонданд ва ҳар яке кӯшиш мекард, гуфтаҳои муаллимаро дарк карда, бо ҳаракоти даст ифода намояд. Ман низ таваҷҷӯҳ кардам ва танҳо ҳаминро дар ёд гирифтам, ки ҳангоми гуфтани ранги сиёҳ ба муйи сар бояд ишора кард.

Раҳималӣ Табаров мегӯяд - дар миёни хонадагони мактаб бачаҳои дорои истеъдоди нодири фанҳои кимияву физика ва риёзӣ хеле зиёд аст, лекин бинобар набуди донишгоҳи махсуси маълулон, имкони такмили истеъдод ва идомаи таҳсилро пайдо накарда, қисмати ками онҳо дар муасисаҳои калони меҳнати ба кор фаро гирифта мешаванд: «Онҳо баъд танҳо ба меҳнати сахти ҷисмӣ машғул шуда нонашонро пайдо мекунанд. Дигар роҳ надоранд. »

Аммо то хатми ҳамин мактаб ҳам дар шароити барои таҳсил номусоид таълим мегиранд. Бинои дуошёнаи аз солҳои 70 мондаро, ки чандон бузург нест, ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба 3 қисм тақсим намуда, танҳо нимаи хурди ошёнаи дуюмро ба ихтиёрашон гузоштааст. Раҳималӣ Табаров: «Шароити мактаб бисёр бад даст, дар фасли сармо лӯлаҳои гармидиҳӣ тамоман фаъол нестанд, мизу курсӣ кӯҳна аст, китобҳои таълимӣ намерасанд. Аз ҳама муҳимаш синфхонаҳои кофӣ надорем.»

Дар мактаб китобҳои таълимӣ намерасанд ва аз сабаби набудани барномаи вижаи омӯзиши алифбои таҳрикии забони тоҷикӣ, дарси ҳаракот тибқи барномаи таълимиии вазорати маорифи Русия бо забони русӣ таълим дода мешавад. Ягона чизе, ки ба хонандагон шодӣ мебахшад, синфи омӯзиши компютер ва интернет мебошад, ки ахиран бо ташабуси як созмони ғайридавлатии Амрико ифтитоҳ шудааст.

Зарина Наимова - муаллимаи омӯзиши компютер мегӯяд, хонандагон ба омӯзиши ин фанн таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва бо истифодаи аломатҳои махсус метавонанд, андешаҳояшонро рӯи қоғаз оваранд: «Аввал ин ки компютер кори онҳоро хеле осон мекунад ва дуввум барояшон бо ин асбоб кор кардан шавқовар аст. Баъдан бо тариқи Интернет бо ҳамқисматони худ бо бачаҳои лол ва ношунавои Русияву Арманистон равобити дӯстиро густариш дода, бо онҳо мукотиба мекунанд. Донишҳои нав мегиранд, ҷаҳонбинӣ ва майдони фикррониашон васеъ мегардад.» Зарина Наимова меафзояд, бачаҳо ғолибан дар Интернет аз чат истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG