Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду довталаби асосии унвони қаҳрамони Тоҷикистон


Тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар ҳафтумин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Данғара»-и Данғара бо натиҷаи 9 бар сифр пирӯз шуд. "Вахш"-и Қӯрғонтеппа низ дар майдони худ ССКА-и Душанберо бо натиҷаи 1 бар сифр мағлуб кард. «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» нуздаҳхолӣ ба даст овардаанд. Таносуби тӯбҳои «Регар-ТадАЗ» беҳтар аст ва бинобар ин дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

"Вахш" мақоми дуввумро ишғол мекунад. Дамир Камолиддинов, мураббии СКА «Помир»-и Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба довталабони унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон гуфт, мубориза барои дарёфти медалҳои тилло аслан миёни ду тим - «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» шиддат мегирад.
Дастаҳои ССКА ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Ду бозии дигари ҳафтумин даври мусобиқот низ бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт.»Равшан»-и Кӯлоб бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 1 ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар СКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар сифр ғалаба карданд. Бозии «ХИМА»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд,бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ва як хабар аз мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё, ки дар шаҳри Хошимини Вйетнам ба поён расид. Тими миллии футзоли Эрон, ки дар бозии ниҳоӣ тими мунтахаби Ҷопонро бо натиҷаи 2 бар сифр шикаст дод, ҳафтумин бор ҷоми қаҳрамонии футзоли Осиёро касб кард. Тими Ҷопон медалҳои нуқра ва дастаҳои миллии футзоли Узбакистону Қирғизистон медалҳои биринҷии мусобиқотро ба даст оварданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG