Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвияти таълими хатти форсӣ дар макотиби Тоҷикистон


Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, шурӯъ аз соли хониши нав омӯзиши алифбои форсӣ дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олии кишвар ба роҳ монда мешавад. Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маорифи Тоҷикистон ахиран гуфт, ба истиснои чанд мушкилоти ҷузъӣ дар соҳаи маориф, дар роҳи омӯзиши хатти форсӣ, монеъае ҷиддие вуҷуд надорад: "То имрӯз хати ниёгон дар синфҳои 3 ва 4 омӯзонда мешуд ва мо тасмим гирифтем, ин хат дар синфҳои болоӣ низ таълим дода шавад."
Абдулҳамид Самадов нависандаи тоҷик мегӯяд, омӯзиши хатти форсӣ ягона омили муҳимест, ҷиҳати ошноӣ бо таъриху фарҳанг ва адабиёти ниёгон: "Ин кори хайре мебошад ва имкон медиҳад, мардуми мо, бахусус ҷавонон бо таърихи гузашта ва адабиёти аҷдодони худ ва ҳам навовариҳои муосир ошно шаванд."
Вазорати маорифи Тоҷикистон тибқи барномаи ислоҳоти соҳаи маориф ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90 таълими хатту забони форсиро дар барномаи мактабҳои ҳамагонӣ ба роҳ монда буд, аммо аз соли 2003 ба ин ҷониб ин барнома ба маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ гашт ва феълан хатти форсӣ танҳо дар синфҳои 3 ва 4 макотиби ҳамагонии кишвар таълим дода мешавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG