Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии нави варзишгари тоҷик Дилшод Назаров


Дилшод Назаров - варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Алма-Ато рекорди нав нишон дода, гурзро ба масофаи 77 метру 63 сантиметр ҳаво дод ва сазовори мақоми аввали ин мусобиқа гардид. Вай рӯзи 5 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи варзишгари номии қазоқ Усмон Косанов, ки бори 15-ум сурат гирифт, гурзашро ба масофаи 77 метру 63 сантиметр ҳаво дод. Варзишгари тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, бори дуюм аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии Алма-Ато баранда мешавад. Соли гузашта вай гурзро ба масофаи 76 метру 27 сантиметр ҳаво дода, низ мақоми аввалро соҳиб шуда буд. Ин натиҷа, ба гуфтаи Дилшод, барои мусобиқаи соли гузашта рекордӣ буд. Рекорди нави шахсии Дилшод, ки дар ин мусобиқа иттифоқ афтод, ҳатто аз натиҷаи дар мусобиқаи қаҳрамонии қораи Осиё бадастовардааш, ки 76 метру 98 сантиметр буд, тақрибан 1 метр беҳтар аст. Дар мусобиқи гурзандозӣ дар Алма-Ато варзишгарон аз 8 кишвар ширкат доштанд. Дар сабқати занон дар ин навъи варзиш Галина Шарифова, варзишгари дигари тоҷик мақоми сеюмро соҳиб шуд. Вале дар рақобатҳои дигар, аз ҷумла дар давидану ҷаҳидан ва дигар навъҳои варзиш кори варзишгарони Тоҷикистон зиёд омад накард.
Насибҷони Амонӣ, Алма-Ато
XS
SM
MD
LG