Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СPJ aз сарнавишти хабарнигори тоҷик


Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон (Сommittee to Protect Journalists) боздошти чилрӯзаи хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибовро маҳкум намуда, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов хостааст, дар рӯшан кардани сабабҳои боздошти хабарнигор ва ё раҳоии билофосилаи ӯ мусоидат кунад.
Дар баёнияи расмии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки дар Ню-Йорк марказ дорад, мудири иҷроияи ин ниҳод Анн Купер гуфтааст, онҳо бисёр нигаронанд, ки Ҷумъабой Толибов бидуни тафтиши мувофиқ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад.
Иззатулло Муҳаммадиев додситони минтақавӣ ин ҳафта хабари боздошти Ҷумъабой Толибовро тасдиқ карда гуфтааст, ки ӯ ба "авбошӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" муттаҳам мешавад. Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, боздошти хабарнигор, ки ҳамзамон як вазифаи давлатиро ишғол мекард, ба фаъолияти журналистии ӯ ҳеҷ иртиботе надорад.
XS
SM
MD
LG