Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияҳои Амрико ба Тоҷикистон дар робита ба мубориза бо қочоқи инсон


Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши худ солонаи худ доир ба мубориза бо қочоқи инсон дар саросари ҷаҳон тадобири ҳукумати Тоҷикистонро барои аз байн бурдани қочоқи инсон дар ин кишвар нокофӣ номида, вале гуфтааст, ҳукумат барои рафъи ин падида талошҳои қобили мулоҳиза кардааст. Дар гузориши солонаи мубориза бо қочоқи инсон дар саросари ҷаҳон омадааст, ҳукумати Тоҷикистон дар соли гузашта Қонун доир ба мубориза бо қочоқи инсонро тасвиб кард, як воҳиди махсуси мубориза бо ин навъи ҷиноятро таъсис дод. Ҳамчунин бо дастури ҳукумат комиссияи муштараки ҳамоҳангсози мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон ташкил шуд, ки бояд барномаи миллии мубориза бо қочоқи инсонро таҳия шавад.

Дар робита ба муҷозоти қочоқгарони инсон дар Тоҷикистон дар гузориши вазорати хориҷии Амрико омадааст, соли гузашта ниҳодҳои интизомӣ 14 парвандаи марбут ба қочоқи инсонро таҳқиқ карданд. Додгоҳи Душанбе дар авохири ҳамин сол нахустин бор як нафарро бо гуноҳи фурӯши инсон ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум намуд. Дар ин гузориш аз боздошти 14 маъмури интизомии шаҳри Душанбе ёдовар шудааст, ки онҳоро дар сӯистифодаи ҷинсии духтарони ноболиғ муттаҳам мекарданд. Ба навиштаи муаллифони гузориш аз миёни ин 14 нафар онҳое, ки ба қочоқи инсон гунаҳкор шуданд, зоҳиран бо додани пора ҷазои сабук гирифтаанд.

Кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба қурбониёни қочоқи инсонро дар соли 2004 вазорати умури хориҷии Амрико нобасанда арзёбӣ кардааст. Ин вазорат гуфтааст, қонуни Тоҷикистон, ҳимояти қурбониёни қочоқи инсонро кафолат медиҳад, аммо дар амал ҳукумат бо зикри имконоти маҳдуди молии худ, ягон барномаи ёрӣ ва бозгашти ин қурбониён ба зиндагиву кори маъмулиро пешниҳод намекунад.

Таҳиягарони гузориш гуфтаанд, соли гузашта дар Тоҷикистон ягон нафар қурбонии қочоқро боздошт, зиндонӣ ва ё ҷарима накардаанд. Ҳамин гуна вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, барои расидагӣ ба ниёзҳои қурбониёни қочоқи инсон саъйи бисёр кунад ва ҳарчӣ бештар қочоқбаронро ба додгоҳ бикашонад.

Дар самти пешгирӣ аз қочоқи инсон вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд моҳи январи соли 2005 дар Тоҷикистон комиссияи ҳамоҳангсози мубориза бо қочоқи инсон таъсис ёфт, ки ҳар моҳ як дафъа ташкили ҷаласа мекунад. Ба комиссия намояндагони вазоратҳои умури хориҷӣ, дохилӣ, амният, кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, иқтисод ва тиҷорат, додситонии кулл ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шомиланд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико дар заминаи мубориза бо қочоқи инсон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ идома додааст ва шояд дар оянда намояндаҳои онҳоро ба комиссияи ҳамоҳангсоз шомил кунад.

Дар гузориш имзои созишнома миёни Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар соли 2004 зикр ёфтааст, ки баъд аз он ҳамкории расмии ин ду ниҳод дар робита ба ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон шуруъ шудааст. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистонро як манбаи қочоқи инсон барои Русия, Қазоқистон, Имороти Муттадиҳаи Араб, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Эрон номида ва гуфтааст шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишварҳо барои танфурӯшӣ ва корҳои иҷборӣ интиқол дода мешаванд.
Гузориши комил ба забони инглисӣ
XS
SM
MD
LG