Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талбак Назаров: "Дар Тоҷикистон вуқӯъи инқилобҳои ранга имконнопазир аст."


Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров гуфтааст, ки ҳеҷ заминае барои вуқӯъи инқилобҳои "ранга" дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, зеро мардуми ин кишвар таъми талхи ноамнӣ ва ҷанги шаҳрвандиро чашидаанд. Талбак Назаров дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон ба хабарнигорон гуфтааст, ҳеҷ нерӯеро дар Тоҷикистон намебинад, ки қодир ба анҷоми ҳар гуна иқдомоти инқилобӣ бошанд.
Вале гуфтааст Талбак Назаров, имрӯзҳо мушкилоте ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва ангезаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки метавонанд, ба вазъи Тоҷикистон ба ин ё он шакл таъсир расонанд. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон афзудааст, кишвараш вазъи ба амаломада дар атрофи ин кишварро эҳтиёткорона пайгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG