Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Амрико доир ба қочоқи инсон дар Тоҷикистон


Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши солонаи худ доир ба қочоқи инсон дар саросари ҷаҳон тадобири ҳукумати Тоҷикистонро барои аз байн бурдани қочоқи инсон дар ин кишвар нокофӣ номида, вале гуфтааст, ҳукумат барои рафъи ин падида талошҳои қобили мулоҳиза кардааст.
Дар гузориш омадааст, ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта Қонун доир ба мубориза бо қочоқи инсонро тасвиб кард, як воҳиди махсуси мубориза бо ин навъи ҷиноятро таъсис дод. Ҳамчунин бо дастури ҳукумат комиссияи муштараки ҳамоҳангсози мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон ташкил шуд, ки бояд барномаи миллии мубориза бо қочоқи инсонро таҳия кунад.
Дар робита ба муҷозоти қочоқгарони инсон дар Тоҷикистон дар гузориши вазорати хориҷии Амрико омадааст, соли гузашта ниҳодҳои интизомӣ 14 парвандаи марбут ба қочоқи инсонро таҳқиқ карданд. Додгоҳи Душанбе дар авохири ҳамин сол нахустин бор як нафарро бо гуноҳи фурӯши инсон ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум намуд.
Дар ин гузориш аз боздошти 14 маъмури интизомии шаҳри Душанбе ёдовар шудааст, ки онҳоро дар сӯистифодаи ҷинсии духтарони ноболиғ муттаҳам мекарданд. Ба навиштаи муаллифони гузориш аз миёни ин 14 нафар онҳое, ки ба қочоқи инсон гунаҳкор шуданд, зоҳиран бо додани пора ҷазои сабук гирифтаанд.
Кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба қурбониёни қочоқи инсонро дар соли 2004 вазорати умури хориҷии Амрико нобасанда арзёбӣ кардааст. Ин вазорат гуфтааст, қонуни Тоҷикистон, ҳимояти қурбониёни қочоқи инсонро кафолат медиҳад, аммо дар амал ҳукумат бо зикри имконоти маҳдуди молии худ, ягон барномаи ёрӣ ва бозгашти ин қурбониён ба зиндагиву кори маъмулиро пешниҳод намекунад.
Таҳиягарони гузориш гуфтаанд, соли гузашта дар Тоҷикистон ягон нафар қурбонии қочоқро боздошт, зиндонӣ ва ё ҷарима накардаанд. Ҳамин гуна вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, барои расидагӣ ба ниёзҳои қурбониёни қочоқи инсон саъйи бисёр кунад ва ҳарчӣ бештар қочоқбаронро ба додгоҳ бикашонад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG