Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сатри исломӣ...ҳиҷоб....чодар...бурқа...фаранҷӣ?


Таҳиягар Cалими Аюбзод Ҳиҷоб ва ё сатри исломӣ дар кӯчаҳои шаҳру деҳи Тоҷикистон ва андешаҳои гуногун аз зуҳури ин падида дар гӯшаи "Нишонаҳои айём", ки дар саҳифаи интернетии мо зери номи "Барномаи занон" ҷой дода шудааст. Саводи исломӣ дар Тоҷикистон дар кадом поя аст? Натиҷаҳои пурсиш дар кӯчаҳои Душанбе ва ба воситаи почтаи электронӣ.

ЗАНГИ ТЕЛЕФОН

Муҳаммадраҳим Гадоев. Собиқ сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло муовини мудири бахши политехникии Донишгоҳи давлатии Ёқутистон. Номзади илмҳои математикӣ, ҷӯяндаи унвони доктори илм. Пайём: Тоҷикон дар ҳар куҷое ки бошанд, бояд номи миллати худро паст назананд ва забону фарҳанги худро фаромӯш накунанд.

МУСОҲИБА

Коршиноси умури дин, мактаб ва оила, Марямбонуи Давлат дар бораи сатҳи саводи исломӣ дар кишвар, хатари равияҳои номатлуб, зарурати густариши донишҳои динӣ ва ислоҳот дар дарки заруриёти мазҳабӣ ва нирӯи ислом.

САДОИ МАРДУМ

Посухи шаҳрвандон ба саволи инки оё шумо саводи исломӣ доред ва усули динро риоя мекунед ё не ва оё Ислом нирӯи маънавист ва ё сиёсӣ? Дар таҳия ва танзими Абдураҳими Умарзод. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки бо сӯҳбатҳои хуби худ барномаи моро рангин мекунанд ва ҳазорон нафари дигарро ба андеша водор менамоянд.

НОМАҲОИ ШУМО

Музаффар: "Бо сабабии маърифати пасти динӣ, афроди худхоҳе дини мубини исломро ба манфиатҳои худ истифода бурда, кишварро ба ҷангу нооромӣ тела доданд, ки зарари онро то ҳоло мекашем. Дар натиҷа, дар давраи муҳими эҳёи суннатҳои динию миллӣ гурӯҳи бузурге аз мардум бовари худро ба олимони дин аз даст дод. Ба назари ман, сиёсатмадорон бояд аз фаъолиятҳои динӣ то андозае дур бошанд, ки ба тангназарии сиёсӣ гирифтор нашаванд ва аммо то андозае наздик бошанд, ки на барои молу мукли дурӯза, балки барои мардум, инсоф ва маънавият амал кунанд. Дар ҳар ҳолат бояд дар байни дин ва сиёсат хатти ғафсе кашида шавад, то ҷудоии онҳо ба ҳам маълум бошад."
Аббоси Тило менависад: "Саводи исломӣ дар Тоҷикистон дар ҳадди поин аст. Фақат бо хондани Чоркитобу Фарзи Ъайн худашонро мулло медонанд, дар ҳоле ки ислом расондани башар ба саъодат аст. Мисоли оддӣ, чунин афроди камсавод ва беистиқлолият ҳарчиро ки худ шунидаанд, ба ҳайси қонуни дин матраҳ мекунанд. Хуб мебуд, агар китобҳои бештар ва амиқтар нашр мегашт. Аз ҷумла, китобҳое дар бораи ҳуқуқи зан дар Ислом." Аммо Алишер Охунов менависад, ки таълими ислом дар Тоҷикистон як андоза беҳтар шудааст. Кушодашавии мадорису таълимгоҳҳои динӣ гувоҳи он аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон дини ислом появу нақши бузурге дорад ва маърифати динии мардум боло рафтааст. Дар Тоҷикистон озодии омӯзиши ислом вуҷуд дорад. Бархилофи ин, Фаридун Маҳкамов менависад, дин дар Қирғизистон ягон монеъа надорад, онгуна ки дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон ҳамеша шубҳае мавҷуд аст. Хондани азон аз баландгӯякҳоро манъ карданд, ҳол он ки шунидани азон савобу баракат дорад. Аммо гуфтаанд, гӯё ин садо одамонро нороҳат мекунад. Дар Туркия, масалан, вақти азон, ба нишони эҳтиром, ҳама гуна ҳаракат қатъ мегардад.
XS
SM
MD
LG