Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори наҷотбахшон ба сокинони вилояти Суғд


Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд дар нишасти хабарии субҳи рӯзи 3 - юми июн аз афзудани ҳодисаҳои ғарқшавии одамон дар рӯди Сир бо оғози фасли шиноварӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ноибов - сарвари ситод, танҳо дар рӯзи 2 - юми июн 3 донишҷӯи макотиби олии Хуҷанд ҳангоми шиноварӣ дар рӯди Сир ғарқ ва ҳалок шуданд. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз як сокини ҷавони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Абдусалом Шерматов низ дар наҳри ин маҳал вақти шиноварӣ ба об фурӯ рафта, ҷони худро аз даст додааст.

Ғаввосон ҷасадҳои онҳоро аз об берун овардаанд. Ба ҳамин тариқ, дар давоми чанд моҳи ахир 12 тан дар рӯди Сир ҷони худро бохтаанд. Оқои Ноибов сабабҳои ғарқшавии одамон дар рӯди Сирро чунин шарҳ дод: «Ин се донишҷӯ хуб шиноварӣ карда наметавонистаанд. Онҳо дар ҷое ба рӯд даромадаанд, ки он ҷо шиноварӣ хатарнок аст ва аз ин рӯ манъ карда шудааст.»

Рӯди Сир аз мобайни Хуҷанд ҷорӣ мешавад, дар канори он боғҳои истироҳатӣ ва чойхонаву ошхонаҳо воқеъанд, аммо рӯд дорои танҳо як ҷои оббозии махсус аст, ки дар он кормандони ситоди изтирорӣ назорат мебаранд ва ба вақти фалокат ба ёрии онҳо умед бастан мумкин аст. Набуди ҷойҳои махсуси шиноварӣ, нофаъолии наҷотдиҳандагон дигар аз иллатҳои аслии зиёд будани ғарқшавии одамон дар рӯди Сир маҳсуб меёбанд. Вале Маҳмадалӣ Ноибов - сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд мегӯяд, бо фарорасии фасли шиноварӣ ситод теъдоди гурӯҳҳои наҷоти худро зиёд кардааст:

«Мо гурӯҳҳои наҷотро дар оббозиҷойҳои баҳри Қайроққум гузоштем. Онҳо бо қаиқҳо, пӯшоки ғаввосӣ ва дигар лавозим таъминанд. Пӯшоки тобистона ва зимистонаи ғаввосӣ, ки камбуди онҳо дар тамоми ҷумҳурӣ ба назар мерасад, аз Русия харидорӣ ва оварда шуданд.»

Оқои Ноибов афзуд, дар ҷойҳои чуқур ва дорои ҷараёнҳои зериобии рӯди Сир, ки барои шиноварӣ хатарноканд, шумораи нишонҳои огоҳкунанда зиёд карда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG