Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти тими футзоли Тоҷикистон аз Вйентам


Тимҳои миллии футзоли Ҷопон ва Эрон барои ширкат дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки рӯзи шанбеи чаҳоруми июн дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Тими Ҷопон дар бозии ниманиҳоӣ бар мунтахаби Қирғизистон бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯзӣ ба даст овард.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими Эрон тавонист ҳарифи қудратманди худ - мунтахаби Узбакистонро бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст диҳад. Ва аммо тими миллии Тоҷикистон, ки дар се дидори худ дар марҳилаи дуввум ноком шуд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои дарёфти медалҳои мусобиқот бенасиб монд ва рӯзи ҷумъа ба шаҳри Душанбе баргашт. Дамир Камолиддинов, мураббии тими миллии футзоли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни 24 тими кишварҳои қора мақоми ҳафтумро ишғол кард.
Вай афзуд барои Тоҷикистон дар байни ҳашт тими зӯртарин мавқеъ гирифтан дастоварди назаррас мебошад: "Мо бахусус дар се дидори худ дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқот бозии хуб нишон дода, бар тимҳои Тайван, Қатар, Куриёи Ҷанубӣ ғалаба кардем ва бо 9 хол дар гурӯҳи «Д» соҳиби мақоми аввал шудем." Мураббии тими миллии Тоҷикистон ҳамчунин дар робита ба бозии қарибулвуқӯъи ниҳоӣ гуфт, ки ба андешаи ӯ, тими миллии футзоли Эрон - қаҳрамони шашкаратаи Осиё, дар ҳафтумин мусобиқот низ пирӯз хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG