Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои дипломатҳои аврупоӣ барои дидор бо Искандаров


Сафирони се кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Бритониёи Кабир, Фаронса ва Олмон хостори дидор ва мулоқот бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи ин кишвар шудаанд, ки аз беш аз як моҳ аст дар маҳбаси вазорати амният ба сар мебарад. Зимни ирсоли як нома дипломатҳои аврупоӣ аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дархост кардаанд, барои мулоқот бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мусоидат кунад.
Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, то ҷое ӯ медонад як ҳафта пас аз ин тақозо ин сафоратхонаҳо ҳанӯз посухи мушахассе дарёфт накардаанд.
Дар ҳамин ҳол вакилони мудофеи Искандаров мегӯянд, то ин рӯз муваффақ нашудаанд ба танҳоӣ бо ӯ мулоқот кунанд. Ширинмоҳ Ибронова - яке аз вакилони дифоъи оқои Искандаров гуфт, мақомоти тафтишотӣ ба тақозои Искандаров ҷиҳати мулоқот бо пайвандонаш низ посух надодаанд. Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо изҳори назар дар ин робита гуфт: «Ман медонам, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳар нафари боздоштшуда ҳаққи истифода аз ҳимояти вакили мудофеъ ва ба ҳамин тартиб ҳаққи мулоқот бо пайвандони худро дорад.»
Дар ҳамин ҳол дар Русия низ ҷараёни чигунагии дуздида шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз тарафи вакили мудофеи ӯ пайгирӣ мешавад. Раҳматулло Валиев мегӯяд, дар пайи шикоят ба додситонии Русия, ки дар моҳи гузашта ин бор ба пулиси Маскав низ шикоят шудааст ва хонаводаи Искандаров мунтазири посух аз пулиси Русия мебошад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG