Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳсолаи рушди маориф дар Тоҷикистон


Зарангези Наврӯзшо

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2005 - 2015 -ро соли дастгирӣ ва рушди маориф эълон кардааст. Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, феълан як қатор мушкилоте садди роҳи рушди соҳаи маорифи тоҷик гаштааст, ки барои ҳалли онҳо пеш аз ҳама маблағ ва кӯмаки созмону ташкилоти ғайридавлатӣ зарур аст. Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҳудуди 40 ташкилоти ғайридавлатӣ аз пайи рафъи мушкилоти аввалиндараҷаи ин соҳа, аз ҷумла норасоӣ ва таъмири макотиби миёна ва олӣ бигардад. Ба гуфтаи вазири маориф имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 мактаб ва дар мактабҳои мавҷудбуда беш аз 60 ҳазор ҷои нишаст намерасад. Аз ин хотир, ба кишварҳои дигар иҷозат дода мешавад, ки дар Тоҷикистон мактаб таъсис диҳанд, гуфт вазири маориф:

«Ҳатто ба тоҷироне, ки дар дигар кишварҳо ҳастанд имкон медиҳем, ки омада дар Тоҷикистон мактаб созанд, мактабҳои типи нав, ки тавонанд фарзандони миллат дар ин мактабҳо таҳсил намоянд, мусобиқа бошад, шаклҳои гуногуни мактабҳо бошад, роҳу равияҳои гуногуни дарсдиҳӣ бошад, то ки ҷавонони мо бештар таҳсил гиранд.»

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, феълан 30 дар сади талабагони макотиби миёна таҳсилро то ба охир нарасонида тарк мегӯянд. Аз рӯи барномаи «Маълумот барои ҳама» шурӯъ аз соли равон то соли 2015 зиёда аз 95 фоизи тамоми қишриҳои ҷомеа бояд ба мактаб ҷалб шаванд. Ин барнома бештар ба кӯдаконе равона шудааст, ки имрӯз рӯ ба бозорҳои меҳнат овардаанд. Ба гуфтаи вазири маориф, ҷалби ҷавонон ба мактаб дар дигар кишварҳое, ки наврасони тоҷик ҳастанд, аз ҷумла дар Русия низ бояд ба роҳ монда шавад.

«Вақте, ки ман ба қарибӣ дар Маскав бо сафир сӯҳбат доштам, сафир низ дар ин масъала гуфтанд, ки баъзе ҷавонони тоҷике, ки имконоти хуби молиявӣ доранд дар Русия, дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар мактабҳо ташкил кардаанд барои хондани фарзандони худашон дар синфи 9,10,11. Ҳамчунин ба ин мактабҳо бачаҳои тоҷике ҳам, ки барои кор ба он ҷо мераванд ва бекор мемонанд ҷалб мешаванд.»

Сифати таълим дар макотиби миёнаву олии Тоҷикистон низ шурӯъ аз моҳи сентябр бояд тағйир дода шавад, зеро феълан сифати таълими макотиб дар сатҳи хеле паст қарор дорад, мегӯяд Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маорифи Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди аълохонҳо дар мактабҳо танҳо 5 фоизро ташкил медиҳад. Сабаби инро вазири маориф дар норасоии омӯзгорон, камбуди китобҳои таълимӣ ва баъдан шавқманд набудани худи толибилмон ба таҳсил мебинад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 6 ва 8 июн дар Душанбе форуми байналмилалии соҳаи маориф дар мавзӯи «Таҳсилот барои ҳама» баргузор мегардад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG