Пайвандҳои дастрасӣ

Боз шудани боғчаи кӯдакони "Озод" дар маҳбаси занонаи Норак


Мувофиқи як барномаи вижаи бунёди Сорос дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак боғчаи кӯдакона барои тифлони занони маҳбус боз шуд. Ин боғча рамзан «Озод» номгузорӣ шудааст, мафҳуме, ки табиист, маҳбусон ҳамеша орзуяшро доранд. Маҳбаси занона соли гузашта аз Хуҷанд ба Норак кӯчонида шуда буд ва Ойниҳол Бобоназарова, сарвари раёсати институти ҷомеаи кушода - бунёди Сорос мегӯяд, ин маҳбас ба таъмир ниёз дошт. Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар маҳбаси занона 12 тифли то сесола ҳамроҳи модарони маҳбусашон ба сар мебаранд ва акнун ҳар яке хонаи алоҳида, катчаҳо, бозичаҳо, ҷевони либосгузорӣ дорад ва биноҳо низ таъмир гаштаанд.
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз маҳбаси занона зуд - зуд дидан мекунад. Ӯ мегӯяд, қаблан занони маҳбуси тифлдор ҳама дар як хона ба сар мебурданд ва вазъи бад доштанд. Бону Бобоназарова ҳамчунин гуфт, онҳо дар назар доранд, боз барои ин маҳбусон телевизор бидиҳанд ва ҳамчунин китобхона боз кунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ба китобхона китобҳои тифлона низ оварда шавад.
XS
SM
MD
LG