Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири тафтиши парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров


Ширинмоҳ Ибронова, вакили мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт, бо ирсоли як нома ба президенти Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии кишвар тақозо кардааст, ки барои мулоқоти рӯбарӯи вакилони мудофеъ бо ҷаноби Искандаров, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, мусоидат кунанд.
Ширинмоҳ Ибронова афзуд, ба истиснои як мулоқоте, ки вакили мудофеъ Аъзам Бадриддинов дар рӯзҳои нахусти интиқоли ҷаноби Искандаров аз Маскав ба Душанбе анҷом дода буд, то кунун ба ҳеҷ кадом вакили мудофеъ барои мулоқот бо ҳар баҳона аз тарафи додситонии кулл иҷоза дода нашудааст.
Хонум Ибронова мегӯяд, Маҳмадрузӣ Искандаров худ зимни як нома ба додситони кулл хоҳиш карда буд, ки ба вакилони мудофеъи ӯ иҷозаи вуруд ба боздоштгоҳро бидиҳад, аммо ин тақозо низ ба назар гирифта нашудааст. Ба қавли Ширинмоҳ Ибронова беш аз як моҳ аз боздошти Маҳмадрузӣ Искандаров дар Душанбе мегузарад вале то ҳол тафтиши парвандаи ӯ оғоз нагардидааст.
Дар ҳамин ҳол, додситонии кулли кишвар аз посух ба суоли ин ки сабаби таъхир дар оғози баррасии парвандаи ҷаноби Искандаров чист, худдорӣ намуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG