Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хашми занони тоҷири Душанбе аз қарори раиси шаҳр


Дар пайи як қарори шаҳрдории Душанбе, тиҷорати кучагӣ, ки ба он аслан занҳои танҳо ва фақир машғуланд, манъ карда шуд. Намояндагони ҳукумати пойтахти Тоҷикистон гуфтанд, ин тадбир аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки бар асари фурӯши маводи ғизоӣ дар шароити ғайрисанитарӣ, бахусус дар фасли гармо метавонанд афзоиш ёбанд, рӯи даст гирифта шудааст.

Санавбар Ҳасанова дар як кӯчаи назди бозори Шоҳмансури Душанбе, нон мефурӯшад. Вай мегӯяд, ӯро зиндагии сахт аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, 200-километрии ҷануби пойтахт овардааст.
Санавбар мегӯяд, як зани танҳо аст, ҳарчанд ӯ маълумоти олӣ дорад, аммо бо маоши ночизе, ки ба ивази кораш дар корхонаи давлатӣ мегирад, наметавонад, 6 фарзандашро таъмин кунад: "Дар ноҳияи Панҷ ҷои кор нест, ман маҷбур шудам ба Душанбе биёям, аммо дар ин ҷо ҳам барои ман осон нест, савдо кардан намемонанд, аз назди бозор пеш мекунанд, намедонам чӣ кор кунам, маҷбурам рафта гадоӣ кунам."

Иддае аз заноне, ки дар атрофи бозори Шоҳмансури Душанбе тиҷорат мекунанд, гуфтанд, ки аксари онҳо иҷозатнома барои тиҷорат доранд, аммо намояндагони мақомоти ҳифзи тартибот инро ба инобат намегиранд ва онҳоро аз кӯчаҳои атрофи бозор меронанд.
Ин занҳо мегӯянд, намедонанд ба куҷо раванд, ба кӣ муроҷиат кунанд. Ва акнун намедонанд, ки хӯроки ҳаминрӯзаи бачаҳояшонро аз кадом ҳисоб фароҳам оранд.

Санавбар Ҳасанова мегӯяд ӯ ва 10 нафар занҳои танҳо ва камбизоат, пас аз маҳрумӣ аз савдои кӯчагӣ, кӯшиши дар дохили бозор машғули савдо шуданро кардаанд, аммо ба иллати он ки пули хариди ҷойро дар дохили бозор надоранд, масъулини бозор ва савдогарони соҳибҷой онҳоро дар дохили бозор, роҳ надодаанд: "Дар бозор моро савдогарон заданд, рӯю мӯямонро канданд, ҳатто ба ивази пул ҳам ба мо иҷозати дар бозор ва атрофи он савдо карданро намедиҳанд."

Яке аз роҳҳои афзалиятноки кӯмак ба занҳои камбизоат, ба онҳо додани қарзҳои хурди имтиёзнок будааст, аммо қариб тамоми бонкҳо ва созмонҳои қарздеҳ ба ивази қарз аз занҳое, ки мехоҳанд соҳибкорӣ кунанд, гаравҳоеро, ки 2 ё 3 маротиба аз қарз арзиши бештар доранд, талаб мекунанд, ки занҳои камбизоат имкони додани чунин гаравҳоро надоранд.
XS
SM
MD
LG