Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дасти дуои Ҳофиз таъвизи чашмзахм аст"


"Алолоҳума анта р раззақу ва анал марзуқу фаман ядъул марзуқа ила-р- раззоқу ё Раб", - ман дуо дорам, ки беҳтарин зеботарин духтари Тоҷикистон, ва ё агар хоҳам, қашангтарин духтари дунё моили ман шавад!!!
Ба истилоҳи дигар ман дили духтарро гарм дорам, вале ба шарте ки номи духтар ва исми волидайни ӯро донам ва 101 борӣ тавъам бо исми хонавдоагии худам хонам. Ба забони дигар ман дуову афсун дорам!

Дуо, ё худ ниёиш ба иттилоъи Дилшод Раҳимов пажӯҳишгари ҷавони тоҷик, аз аҳди қадимтарин маншаъ мегирад ва решаҳои он ба ҷамъияти ибтидоӣ мерасад. Ба иттилоъи мардумишиносон, ҳамон замон, ки Одам аз қудратҳои табиӣ ҳаросид, ба ниёиш шурӯъ кард. Ва аммо ҳарчанд ки анвоъи адёни ибтидоӣ, бисёрхудоӣ, бутпарастӣ ва буддоӣ моломол аз дуо будаанд, нахустин ниёишҳои катбшуда дар Авасто ба назар мерасанд.

Вандидо, Ясно, Мансра худ дуоанд. Ба унвони мисол, Ясно - маъруф ба ё ашёпарастӣ худ сартосар дуост. Мансра-боби дигари Авасто, ки маънии сухани муқаддас дорад Ва моломол аз ниёиш аст. Дуои имрӯзии тоҷикон нодиртарин осори шифоҳии ориёист, ки бо бадеъият, насри мусаҷҷаъ латофату салосати сухани авастоӣ бо Ислом печидааст. Яъне ин осори шифоҳӣ омезиши ду дин - зардуҳуштиву Ислом аст, ки танҳо дар байни оритаборон, ба вижа тоҷикон мушоҳида шудааст.

Мисли ин дуо: «Дуои нон, бақои имон, дар ҳаққи хонадон, муборакии пайи қадами меҳмон, хуҷаи Хизр раҳбар, малоика дар пешу бар»
Дилшод Раҳимов мегӯяд, то ҳанӯз жанри дуо серистеъмолтарин навъи адабиёти шифоҳист, ки ҳамарӯза ба гӯш мерасад: «Рӯзе нест, ки мо ё касеро дуо накунем ва ё дуо нашунавем.»

Дар замони шӯравӣ садҳо тан аз донишҷӯёни риштаи филолоҷии донишгоҳҳо дар баробари дигар анвоъи фолклор дуоро ҳам гирдоварӣ кардаанд. Профессорони машҳӯри русӣ Познанский ва Пермяков ва Аникин дуову афсун, дуоҳои кӯчактарин ва жанрҳои шифоҳии мардумиро ҷамъоварӣ кардаанд.
Аз уламои тоҷик Равшани Раҳмонӣ, Бозор Тилавов, Раҳмони Раҷабӣ ва Ҳоҷӣ Ғайрати Шокирӣ ниёшҳои тоҷикиро гирдоварӣ кардаанд.

Дар бастагӣ ба омезиши дуои аҳди қадим ва ҷадид Дилшод Раҳимов мегӯяд: «Дуо мисли дигар жанрҳои адабӣ вазифа, сохтор ва устухонбандии хос дорад. Ба унвони мисол дар оғоз мегӯянд, «Парвадигоро, Худоё», сипас талабу дархосту ниёиш сар мешавад ва бо « Омин Оллоҳу Акбар» дуо анҷом меёбад.
Дуоҳои кӯчактаринро дар илм "паремиология" хонанд. Паремио, яъне ифодаи хурд ҳамчун зарбулмасалу мақол, масал ва дуо ва логия - яъне меомӯзам. Худо шуморо ҳазорсола кунад. Ин ҳам дуост. Ва аммо паремиология бештар дуои бад, яъне нафринро дар худ гунҷонидааст. Мисли ин дуоҳо «Сияҳпичамаргут кунад, Чолота ба қадут ҳуй кунум! Ба гирди тоқим ношукрит! Ношукрита то Ҳисора гуфта биём!»

Тоҷикон то ҳанӯз бар боваранд, ки дуои баду нек ҳатман асар мекунад. Ҳамин иддаоро дар ашъори классикони адабиёти тоҷик метавон дид. Ҳофиз мегӯяд, «Дасти дуои ҳофиз таъвизи чашмзахм аст, Ё раб бубинам онро бар гарданат ҳамоил!»

Ё худ Саъдӣ фармудааст, ки «Дуот додаму дашном агар диҳӣ саҳл аст, ки бо шаккардаҳанон хуш бувад суолу ҷавоб!» Яъне дуову муноҷот ва нийоиши ориёӣ ба адабиёт низ бе асар набудааст. Ҳатто сӯфиёни комил, аз ин жанри шифоҳӣ кор гирифтаанд.

Ва то ҳанӯз дар дӯконҳои китобфурӯшии кишвар метавон даҳҳо маҷмӯъи дуову муноҷотро харидорӣ кард. Мисли «китоби дуоҳо» таҳти назорати Нусратуллои Абдуллозода, «Хосиятҳои дуоҳои мукаррам ва муаззам, ё худ гулчини дуоҳо» - чопи Тошканд, « Дуо -мағзи намоз аст» нашри Хуҷанд ва дигару дигар.

Профессор Равшани Раҳмонӣ ниёишу муноҷоти мардумиро дар ду китоб бо унвонии «Дуо гунаи фолклор аст», «Дуо ҳамчун жанри фолклорӣ» гирдоварӣ кардааст. Ҳамзамон «Дуоҳои неку бади занони Кӯлоб»-ро хонуми шарқшинос Мӯминова ҷамъ кардааст. Ва аммо дар Тоҷикистон то ҳанӯз дуо ва собиқаи он, анвоъи дуо, дуо ҳамчун жанри насри мусаҷҷаъ, омезиш ва ихтилофи дуо аз адён комилан таҳқиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG