Пайвандҳои дастрасӣ

Саробонҳои хурд ва нотавони хонаводаҳои бузург


Одатан кӯдаконе, ки дар бозорҳо кор мекунанд, ятим, ё нимаятиманд, ки барои таъмини аҳли оилаашон рӯзи худро дар хиёбонҳо шом мекунанд ва ё баръакс. Ин бачаҳо аз дуд намудани ҳазориспанд то ба кашидани борҳои сангин машғуланд ва баъзан аз ҷониби ашхоси гуногун мавриди таҳқиру лату кӯб қарор мегиранд.

Маҳина Рӯзиева 14-сола аст, мактаб намеравад ва мегӯяд аз субҳ то шом ба майдафурӯшӣ машғул аст. Се ё чор сомоние, ки дар як рӯз даромад мекунад, ягона воситаи рӯзгузаронии оилаи панҷнафараашон аст:
"Падарам вафот карда аст ва ман дигар чорае надорам ба ғайр аз кор кардан. Милисаҳо пеш мекунад ва гурехта-гурехта савдо мекунем.."

Тобистон аст ва дар ин фасли гармо ҳаво дар Тоҷикистони офтобӣ ба маротиб гарм мешавад. Дар ҳамин ҳавои гарми тафсон дар бозорҳои Душанбе кӯдакон ба фурӯши анвои гуногуни ғизо ва либос машғуланд.

Нигора 10 сол дорад ва аз 6-солагиаш ба қавле сарвари ноболиғи оилаашон ба шумор меравад: «Ман бисёр хаста мешавам, аммо модарам кор намекунад ва бародарони хурд дорам. Агар дар як рӯз даромади нағз дошта бошам, баъд хӯроки гарм дар хона мепазем. Дар рӯзҳои маъмулӣ пули ман ба хӯроки серғизо намерасад.»

Нигора имрӯз чойи сард мефурӯшад, лекин дар фикри васеъ намудани тиҷораташ аст ва дар рӯзҳои наздик ҳатто фикри таҳсил карданро надорад: «Охир зиндагӣ душворе ҳаст, ки ба як чойфурӯшӣ намешавад. Ман мехоҳам, пул ҷамъ кунаму дар тобистон мевафурӯшӣ кунам.»

Аммо Нигора намехоҳад, то охири умр бозоргардӣ кунад, ӯ орзуи табиб шуданро доштааст, зеро мегӯяд дар 4 соли фаъолияташ чандин бор ба маризиҳои мухталиф мубтало шудааст: "Ман мехоҳам, духтур шавам ва одамонро табобат кунаму ба ман пул диҳанд."

Дар назди нуқтаҳои серодами пойтахт бозори хизматрасонии шустани мошин ниҳоят зиёд аст, ки ғолибан дар онҷо писарон мошиншӯйӣ мекунанд. Шерафган дар истгоҳи мошинҳои сабукрави фурудгоҳ кор мекунад:
«Хайр дар оби хунук мошин шустан азоб аст. Ман бар иловаи мошиншӯйӣ боз бор мекашам.»

Писараки дигари мусоҳибам аробакаш аст. Ӯ 15 сол дорад ва мегӯяд, тавони кашонидани то 200 кило борро дорад. Ҳадафи ӯ дар зиндагӣ сарватманд шудан ва раҳонидани аҳли ойила аз вартаи қашшоқӣ будааст. Бо чӣ роҳ?

"Мехоҳам пул ҷамъ карда ба Русия равам. Дар бозори Черкесс холаам манту мефурӯшад, ман ҳам мантуфурӯшӣ карда, ба хона таҷҳизоти техникӣ мехарам."

Муайян намудани теъдодӣ атфоли хиёбони то ҳол ба касе даст надодааст, аммо ба гуфтаи Тоҷиддин Ҷалолов, ҳамоҳангсози барномаҳои Маркази наврасони пойтахт, шумори тахминии онҳо то ба 2000 нафар мерасад ва дар мавсими тобистон дар натиҷаи аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба пойтахт кор омадани кӯдакон шумори онҳо ба маротиб, зиёд мешавад. Равоншинсон мегӯянд, наврасоне, ки аз хурди ба фишори сахти ҷисмиву равонӣ гирифтор мешаванд, атфоли осебпазиранд ва ҷисману рӯҳан инкишофи хуб намеёбанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG