Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ба қишрҳои осебпазири Тоҷикистон


Комиссияи Аврупо ҷиҳати идомаи барномаҳои имдодии худ дар Тоҷикистон шаш миллион доллар ҷудо кардааст, ки тибқи онҳо қишрҳои камбизоаттарин бо ғизо, оби поки ошомиданӣ ва васоили беҳдоштӣ таъмин мешаванд. Дар баёнияи Комиссияи Аврупо омадааст, бо вуҷуди беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар чанд соли гузашта дар Тоҷикистон, ин кишвар ҳамчунон ба кӯмакҳои башарӣ ниёз дорад.
Ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо Тоҷикистонро кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ номида, гуфтааст, 64 дар сади аҳолии он поён аз хатти фақр ба сар мебаранд ва даромади рӯзонаи онҳо 2,15 долларро ташкил медиҳад. Аз соли 2002 то кунун ҳудуди 30 дар сади атфол ғизои кофӣ намехӯранд, дастрасӣ ба оби поки нӯшокӣ маҳдуд аст, хадамоти беҳдоштӣ дар баъзе аз манотиқ бадтар шудааст ва нишондиҳандаҳои вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон яке аз бадтарин дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Комиссияи Аврупо мегӯяд, бо назардошти ин тибқи барномаҳои хайрия 13 ҳазор нафар кӯмакҳои ғизоӣ хоҳанд гирифт ва 15 ҳазор тифли то панҷсола бо ғизои иловагӣ таъмин хоҳанд шуд. Аз ҳисоби шаш миллион евро ҳамчунин шабакаҳои обрасонии як идда аз манотиқ тармим мешаванд, ки дар натиҷа 200 ҳазор нафар ба оби пок дастрасӣ хоҳанд ёфт. Аксарияти лоиҳаҳои имдодии Комиссияи Аврупо дар минтақаҳои Хатлон, ки Комиссияи Аврупо онро фақиртарин ном бурдааст, раҳандозӣ мешаванд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG