Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳабо ба консерти "Ояндасоз"


Консерти барномаи «Ояндасоз»-и радиои Озодӣ рӯзи 7 июн дар толори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мешавад. Дар ин консерт овозхонону мутрибони шинохтаи поп - Ҳабиб Ҳакимов ва гурӯҳи «Фарзин», Дилноз Каримова, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс» ширкат хоҳанд кард. Тамошобини ҷавон имкон дорад, бо навтарин оҳангу таронаҳои ин овозхонон аз наздик ошно шавад.

Дар паҳлӯи ҳунармандон, дар ин консерт ҷавононе ҳам муаррифӣ мешаванд, ки бо таъсиси як корхона ва ё ширкате, бо як ташаббуси шахсӣ дар роҳи ҳалли масоили ҷавонони Тоҷикистон саҳм гузоштаанд. Насиба Ҳомидова, духтари 18-солаи дар гузашта хиёбонӣ, имрӯз сарварии як гурӯҳи ҳунарии таблакнавозонро бар ӯҳда дорад. Дар ҳайъати ин гурӯҳ ҳам хонандагони мактабҳои ҳамагонии пойтахт, духтару писарҳои хиёбонӣ, атфоли бесарпаноҳу раҳгумзада ҳам шомиланд.

Муртазо Хидиров, меҳмони дигари консерти барномаи «Ояндасоз», раҳбари созмони ғайридавлатии «Раҳоӣ аз нашъамандӣ»-ро бар ӯҳда дорад. Дар шароите, ки дар Тоҷикистон тибқи иттилои расмӣ беш аз 7 ҳазор мӯьтоди маводи мухаддир сабт шудаасту амалан ин арқомро даҳ баробар зиёд қаламдод мекунанд, бо ташаббуси М. Хидиров якчанд сол пеш созмоне таьсис гардид, ки мубориза бо мӯьтодӣ ва кӯшиши раҳоии ҷавонон аз вобастагӣ ба нашъаро ҳадафи худ қарор додааст.

Дар паҳлӯйи намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву ҳунармандони касбӣ дар консерти барномаи «Ояндасоз» инчунин ширкати ҷавонони зарофатгӯву ҳазлкор низ дар назар аст. Умед Аҳмадов ва гурӯҳи «Арабшо-кампания» оид ба рӯзгори имрӯзаи ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия ва мушкилоти ришвату фасод дар донишгоҳҳо намоишномаҳои ҷолиб таҳия мекунанд.
XS
SM
MD
LG