Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон шашсола шуд


Ҷералд Ҳюэт, мушовири аршади ҳуқуқии сафорати Амрико дар Душанбе, фаъолияти шашсолаи оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро хуб арзёбӣ намуд ва гуфт, бо вуҷуди мушкилоти зиёд ин идора тавонистааст дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар фаъолиятҳои назаррас анҷом диҳад. Аммо ба ақидаи ҷаноби Ҳюэт, барои даст ёфтан ба натоиҷи муассиртар зарур аст, дар фаъолияти ин ниҳод се масъалаи муҳим мадди назар гирифта шавад: "Дар навбати аввал, ба назари мо, зарур аст кормандони оҷонсӣ аз шароити беҳтари кору зиндагӣ бархӯрдор бошанд. Манзур, таъминоти онҳо аз лиҳози манзил, либос ва васоили замонавии иртибот мебошад. Баъдан лозим аст то мусоидатҳои бештар ҷиҳати эҷоди зербинои оҷонсӣ сурат бигирад.Ва ҳам дарёфти таҷҳизоти фаннӣ барои роҳандозии гурӯҳҳои зудамал дар назди оҷонсӣ як иқдоми ҳатмист."

Ба гуфтаи мушовири сафорати Амрико, Вошингтон қасд дорад дар иҷрои ин аҳдоф ба оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон кӯмакҳои бештари фанниву молӣ расонад. Аз ҷумла, афзуд ӯ, дар кӯтоҳфурсат бо кӯмаки Амрико дар назди оҷонсӣ се гурӯҳи мутаҳаррики зудамал барои тақвияти мубориза бо қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир ташкил дода мешавад: "Дар чорчӯби барномаи махсус ин гурӯҳҳо бо васоили нақлия, сару либос, таҷҳизоти навтарини иртиботӣ ва дигар васоили фаннии лозима таъмин мегарданд. Ҳамаи он дастгоҳу таҷҳизоте, ки ба ин гурӯҳҳо дода мешавад, нодиранд ва бори нахуст дар ихтиёри кормандони оҷонсӣ қарор мегиранд."

Дар ҳоли ҳозир, дар чаҳорчӯби барномаҳои Созмони Милал, вазорати хориҷаи Амрико ду тарҳи мубориза бо маводи мухаддир бо маблағи беш аз 6 миллион доллари амрикоиро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Тарҳи якум тақвияти назорати марзҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон ва тарҳи дуввум таъмини фаннии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро думбол мекунад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG