Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ОЯНДАСОЗ" боз ба ҷавонон фараҳ мебахшад.


"Ояндасоз"-ҳо

Дар таърихи 7 июни соли 2005 барномаи «Ояндасоз»-и Радиои Озодӣ консерти ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик, ситораҳои мусиқии муосири Тоҷикистонро баргузор мекунад. Дар ин консерти ҷавонон, ки дар толори театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мешавад, овозхонону мутрибони шинохтаи поп - Ҳабиб Ҳакимов ва гурӯҳи «Фарзин», Дилноз Каримова, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс» ширкат хоҳанд кард. Тамошобини ҷавон имкон дорад, бо навтарин оҳангу таронаҳои ин овозхонон аз наздик ошно шавад.

Дар паҳлӯи ҳунармандон дар ин консерт ҷавононе ҳам муаррифӣ мешаванд, ки бо таъсиси як корхона ва ё ширкат, бо як ташаббуси шахсӣ дар роҳи ҳалли масоили ҷавонони Тоҷикистон саҳм гузоштаанд. Барои мисол, Насиба Ҳомидова, духтари 18-солаи дар гузашта хиёбонӣ, имрӯз сарварии як гурӯҳи ҳунарии таблакнавозонро бар ӯҳда дорад. Дар ҳайати ин гурӯҳ дар паҳлӯи хонандагони мактабҳои ҳамагонии пойтахт атфоли хиёбонии бесарпаноҳу раҳгумзада ҳам шомиланд.

Муртазо Хидиров, меҳмони дигари консерти барномаи «Ояндасоз», раҳбари созмони ғайридавлатии «Раҳоӣ аз нашъамандӣ»-ст. Дар шароите, ки дар Тоҷикистон, танҳо тибқи иттилоъи расмӣ, беш аз 7 ҳазор мӯьтоди маводи мухаддир сабт шуда, аммо амалан ин рақамро то даҳ баробар зиёд қаламдод мекунанд, бо ташаббуси М. Хидиров чанд сол пеш созмоне таьсис ёфт, ки мубориза бо мӯьтодӣ ва кӯшиши раҳоии ҷавонон аз вобастагӣ ба нашъаро ҳадафи худ қарор додааст.

Дар паҳлӯи намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву ҳунармандони касбӣ дар консерти барномаи «Ояндасоз» ширкати ҷавонони танзгӯву ҳазлкор низ дар назар аст. Умед Аҳмадов ва гурӯҳи «Арабшо-Компания» оид ба рӯзгори имрӯзаи ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия ва мушкилоти ришваву фасод дар донишгоҳҳо чанд намоишро пешкаш хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG