Пайвандҳои дастрасӣ

Оби Душанбе аз куҷо меояд?


Тибқи омори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, беш аз 38 фоизи гирифторони беморҳои сироятӣ ба мисли домана ва дарунрав, ки бар асари оби олуда дар соли 2004 дар беморхонаҳои пойтахт бистарӣ шудаанд, кӯдакон будаанд. Муқим Фатҳуллоев, муовини раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, бо изҳори таассуф ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки аз ҷониби ҳукумат ва ниҳодҳои масъул солҳои ахир талошҳои зиёде дар роҳи поксозии оби ошомиданӣ ба чашм мерасад, аммо ҳанӯз ин мушкил боқӣ мондааст ва агар вазъ ба ин минвол идома кунад, имкон дорад бо расидани фасли гармо, бемориҳои сироятӣ дар миёни аҳолии пойтахти кишвар, бахусус кӯдакон афзоиш ёбад. Ҷаноби Фатҳуллоев афзуд: "38 фоизи беморони домана кӯдакони синни мактабӣ буданд. Бояд оби ноҷӯшидаро ба ҳеҷ ваҷҳ истифода накунанд. Имрӯзҳо конфаронсҳои байналмилалӣ дар пойтахт дар мавзӯъи оби соф мегузаранд ва боварӣ дорем, ки дар солҳои наздик ин мушкил ҳал хоҳад шуд."

Ҷаноби Фатҳуллоев бар ин назар аст, ки бо манъи истеъмоли оби ноҷудида дар миёни аҳолӣ наметавон ин мушкилро аз миён бурд, балки масъулинро лозим аст, ҳарчӣ зудтар тармиму таҷдиди системаи обтаъминкуниро сомон диҳанд. Дар ҳамин ҳол, Зебуниссо Одилова, сокини яке аз маҳаллаҳои атрофи пойтахт мегӯяд, ба иллати оби олуда ду фарзанди хурдсолаш гирифтори бемории диарея ё дарунрав шуданд, ки буҷаи оилавиаш барои табобати онҳо кофӣ нест: "Ду кӯдаки хурди ман, яке 6 ва дигаре 11 - сола, аз ҳамин оби ифлос ба бемории дарунрав гирифтор шуданд ва бо азобе онҳоро табобат кардам."

Масъулини раёсати обтаъминкунии Душанбе мегӯянд, ҷиҳати таҷдиди комили шабакаи обтаъминкунии пойтахт ва таъмини аҳолӣ бо оби соф 100 миллион доллар лозим аст, аммо феълан ҳукумати Тоҷикистон бе кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ имкони пиёда кардани ин барномаро надорад.
XS
SM
MD
LG