Пайвандҳои дастрасӣ

"Вахш"-у "Регар - ТадАЗ" - пешсафи мусобиқаи қаҳрамонии футбол


Дар даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар «Данғара»-и Данғара бо натиҷаи 3 бар 1,«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар сафар бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 3 бар 0 ва ЦСКА-и Душанбе дар майдони худ бар «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд. Ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозиро дар майдони худ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 1, СКА «Помир»-и Душанбе низ дидорашро дар майдони худ бо «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 4 бар 4 хотима доданд.Ба ин тартиб, дастаҳои «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» бо 16-холӣ дар ҷадвали мусобиқа аз рӯи таносуби тӯбҳо мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд. ЦСКА, тими Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо 12 хол дар ҷойи севвум қарор дорад. Дар рақобатҳои беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа Шӯҳрат Шамсиев аз дастаи «Хуҷанд» ва Ҳусейн Акрамов аз тими СКА «Помир», ки ҳар кадом ба дарвозаи ҳарифонашон шашголӣ задаанд, пешсафанд. Даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе, 4-уми июн баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG