Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молиёти замини чарогоҳу замини лалмӣ коҳиш ёфтааст


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ворид намудани ислоҳот ба Қонуни буҷаи давлатии кишвар барои соли 2005 мизони молиёт аз истифодаи бархе намуди заминро чаҳор маротиба назар ба меъёри мавҷуд коҳиш дод. Сайвалӣ Нуров, узви кумитаи буҷа ва молияи Маҷлиси Намояндагон гуфт, бо назардошти вазъи иқтисодии деҳот ва кишоварзон ҳукумати ҷумҳурӣ чунин пешниҳодеро ба маҷлис ироа карда буд, ки аз ҷониби вакилон низ ҳимоят шуд. Оқои Нуров гуфт: "Андоз аз заминҳои чарогоҳ ва алафзор, ки нисбатан зиёд шуда буд, дар бораи кам кардани андоз аз чунин заминҳо ва заминҳову дарахтзорҳои лалмӣ пешниҳод омад ва имрӯз аз сӯи ҳамаи вакилон дастгирӣ пайдо кард. Фикр мекунам, ин ба рушди соҳоти кишоварзиву чорводорӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии мардуми деҳот мусоидат хоҳад кард. Бо шарофати тағйироти кунунӣ тақрибан 125 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохти молиёти ин соҳот ба буҷаи давлат кам карда мешавад ва ин камомад бояд аз ҳисоби бақияпулии андозҳо пӯшонида шавад."

Тибқи ин ислоҳот, дар тамоми соли равон ҳадди ақали молиёт барои истифодаи замин дар Бадахшон 6 сомонӣ ва ҳадди аксар барои водии Вахш 47 сомонӣ барои як гектар пардохт хоҳад шуд. Аммо ин ислоҳот ба сурати истисно танҳо барои як соли 2005 дахл дорад ва аз аввали соли 2006 дубора молиёти чоркарата вазъ хоҳад шуд.

Аммо Шодӣ Шабдолов, узви кумитаи кишоварзӣ ва саноати Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, бархе аз вакилон, аз ҷумла аъзои Ҳизби Коммунист пешниҳод кардаанд, ба манзури қонунманд шудани ин иқдом ва барои солиёни баъдӣ низ аз молиёти чоркарата озод намудани хусусан заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо, бояд то поёни соли равон қонуни молиёт ислоҳ шавад. Ӯ гуфт: "Ин як сол ҳам хеле сабукӣ аст. Аммо баъди як сол ин мавзӯъ аз дигар баҳс хоҳад шуд. Боз мардуме, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ин талаботро пеш хоҳанд гузошт. Барои ҳамин мо бояд дар худи Кодекси андоз тағйирот дароварем, то ки дигар андоздиҳанд тарси онро надошта бошад, ки маъмурони молиёт дар охири сол андозро аз вай ба зӯрӣ хоҳанд ситонд. Ҳалношуда боқӣ мондани масъала ду пайомад дорад. Яке ин ки кишварзон маҷбур мешаванд фаъолиятҳои худро аз мақомоти молиётӣ пинҳон кунанд. Дигар ин ки кишоварз аз баҳри истифодаи замини чарогоҳ хоҳад баромад."

Маҷлиси Намояндагон дар иҷлосияи имрӯзи худ ҳамчунин созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия аз соли 1994 - ро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун беэътибор кард. Ба гуфтаи вакилони Маҷлис, дар заминаи иҷрои ин созишонма ҷониби Русия иқдоме накарда ва мавҷудияти ин созишнома манфиате надоштааст ва имзои созишнома бо ширкати "РусАЛ" барои идомаи сохтмони Роғун зарурати созишномаи қаблиро аз миён бурдааст.
XS
SM
MD
LG