Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи таъмини 800 000 тифли тоҷик бо витамини А шурӯъ шуд


Бо пуштибонии молии ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид беш аз 800 ҳазор тифли тоҷик ба таври ройгон бо витамини А таъмин карда хоҳанд шуд. Ҳусейн Аминов, сардори бахши сиҳҳати модару кӯдаки вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи омори расмӣ, 42 дарсади кӯдакон дар саросари кишвар аз норасоии витамини А, ки пайомадаш заъфи биноӣ ва дигар бемориҳо мебошад, ранҷ мебаранд. Ҷаноби Аминов афзуд, бо ибтикори вазорати тандурустӣ ва бо маблағгузории ЮНИСЕФ аз 1 то 10 июн дар Тоҷикистон даҳаи «Сиҳҳати Кӯдакон» баргузор хоҳад шуд. Ҳусейн Аминов дар ин робита гуфт: "Дар натиҷаи нарасидани витамини А кӯдакон метавонанд ба бемориҳои шабкӯрӣ, нобиноӣ, партофтани пӯст ва ҳамчунин ба бемориҳои сироятӣ мубтало шаванд. Мувофиқи омори ғайрирасмӣ, аз 1000 кӯдаки зинда таваллушуда қариб 118 нафараш мефавтанд, ки сабаби марги 25 дар сади онҳо нарасидани витамини А дар баданашон будааст."

Шамсиддин Қурбонов, сардори маркази тарзи ҳаёти солими вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷониби ниҳодҳои беҳдоштии давлатӣ ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намешавад. Вай мегӯяд, бар асари нарасидани витамини А дар вуҷуди хурдсолон, сеяки атфол дар Тоҷикистон мубталои заъфи биноӣ, шабкӯрӣ, ҳатто нобиноӣ ва дигар бемориҳо мебошанд. Шамсиддин Қурбонов ҳамчунин гуфт: "Таҳқиқотҳои ахир нишон доданд, ки дар вуҷуди ҳар кӯдаки севвум ва дар баъзе манотиқ дар бадани ҳар кӯдаки дуввум норасоии витамини А ҷой дорад. Ин дар ҳолест, ки агар теъдоди ин беморон дар ягон минтақаи кишвар ба 25 фоиз расад, бояд ҳатман дар он ҷо маъракаи густардаи таъмини аҳолӣ бо капсули витамини А сурат бигирад."

Ҳусейн Аминов, сардори бахши сиҳҳати модару кӯдаки вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар доираи барномаи даҳрӯзаи «Сиҳҳати Кӯдакон» ҳамчунин қарор аст, дар навоҳии Хатлон, Бадахшон, водии Рашт ва навоҳии тобеъи пойтахт барои волидон дар мавриди фарҳанги ғизодиҳии кӯдак, илали норасоии витамини А дар вуҷуди атфол ва пайомадҳои он бахшҳои омӯзишӣ доир карда шаванд. Ӯ афзуд: "Ҳамчунин дар чаҳорчӯби барномаҳои кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, бахшида ба рӯзи ҷаҳонии атфол, ба кӯдакони ятим ва бепарастори Тоҷикистон кӯмакҳои мухталиф, аз қабили ашёи хониш, либос ва ғизо тақдим шуда, барои онҳо барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳия кардаанд."

Дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аттраксионҳои боғи марказӣ барои тифлон ройгон хидмат хоҳанд кард. Имрӯз баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG