Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни намоиши филмҳои ҳиндӣ дар шаҳри Душанбе


Нина Катрин Капур - қаҳрамони филми «Оё фардо меомада бошад», худро куллан ба кору таҳсил бахшида, ба мардҳо эътимод ва хоҳиши издивоҷ намуданро надорад, аммо рӯзе мерасад, ки ӯ низ ошиқ мешавад ва бо мушкилии зиёд ӯ ва маъшуқаш ба ҳадаф мерасанд.

Филми «Оё фардо меомада бошад»- дар интиҳои ҳафтаи филмҳои ҳиндӣ ба намоиш гузошта шуд, ки барои нахустин бор чанд рӯз қабл дар Душанбе ифтитоҳ гардида буд.
Вираҷ Сингҳ - масъули шӯъбаи фарҳанги сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон мегӯяд, ғолибан тоҷикон филмҳои тиҷоратии ҳиндиро тамошо мекунанд ва аз синамои воқеъии ҳунарии Ҳиндустон чандон воқиф нестанд:
"Маъмулан филмҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба даст овардани маблағ ба инҷо оварда мешаванд. Онҳо дорои мазмуни хубанд аммо дар доираи як чорчӯба таҳия шуда, бештар тахайюлианд. Ҳадафи мо низ аз он иборат буд, ки филмҳои дигари синамои Ҳиндро ба тоҷикон муаррифӣ кунем."

Дар ҳафтаи синамои Ҳинд, филмҳои классикиву замонавии «Ман бо ту ҳастам», «Ҳамроз», «Модари ҷасади рақами 1084» ва ғайра намоиш дода шуданд. Вираҷ Сингҳ гуфт, дар тӯли 10 рӯз, тамошобинон ба воситаи филмҳои ҳунариву мустанад дар бораи таърих, фарҳанг ва ҳаёти воқеъии ҳиндуҳо иттилоъи бештар ба даст оварданд.:

«Як филми ҳунарӣ буд, ки мушкили ҳаёти мардуми камбизоати Ҳиндустонро инъикос мекард.»

Шоҳрух Хон - ҳунарманди маъруфи ҳиндӣ, қаҳрамони дӯстдоштатарини аксари ҷавонони тоҷик аст, аз ҷумла ҳунарманди дӯстдоштаи ҳамсӯҳбати ман Муссалам, ки ҳамаи филмҳои ҳафтаи синамои Ҳиндро тамошо кардааст:

"Ба ман филми «Ман бо туам» писанд омад. Кинои бисёр хуб буд. Ман бо тамошои филмҳои ҳиндӣ ғами диламро мебарорам. Бисёр Шоҳрухро дӯст медорам, медонам, ки ойила дораду соҳиби ду фарзанд аст."

Воқеъан дар Тоҷикистон ҳаводорони филмҳои ҳиндӣ ниҳоят зиёд аст ва ғолибан мухлисони ашадии онҳоро ҷавонони бекору духтарони хонанишин, ташкил медиҳанд. Чаманоро мусоҳиби дигари ман, ки дар тан либоси миллии ҳиндӣ дошт, гуфт дар муддати кӯтоҳ забон ва рақси классикии ҳиндиро омухтааст.

Ва ӯ бо забони ҳиндӣ низ суруд мехонад
Вираҷ Сингҳ гуфт, мардуми тоҷик аз фарҳангу тамаддуни ҳиндуҳо ба хубӣ огоҳанд ва аммо ҳиндуҳо Тоҷикистонро чандон хуб намедонанд. Аз ин рӯ дар рӯзҳои наздик, сафорати Ҳиндустон, консерти калони гурӯҳҳои попи тоҷикро дар Ҳиндустон баргузор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG