Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Абдулатифов сафири нави Русия дар Душанбе таъйин шуд


Рамазон Абдулатифов, сиёсатмадор ва донишманди шинохта сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар ин бора дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия хабар додааст. Дар хабар гуфта мешавад, президенти Русия Владимир Путин фармон содир кард, ки Абдулатифов Рамазон Ҳоҷимуродович сафири кабир ва намояндаи фавқулоддаи Федеросиюни Русия дар Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Дар муаррифиномаи Рамазон Абдулатифов омадааст, ки вай то ин замон намояндаи вилояти Саратов дар Шӯрои Федеролии Русия буд. Рамазон Абдулатифов соли 1946 дар деҳи Гергути ҷумҳурии Доғистон ба дунё омадааст. Вай профессор, доктори илми фалсафа ва узви вобастаи Фарҳангистони илмҳои табиатшиносии Русия мебошад. Рамазон Абдулатифов чандин бор ба вакилии мардум дар парламони Русия интихоб шуда, дар мақоми муовини раиси Думаи Давлатӣ ва дар ҳукумати Русия адои вазифа кардааст.

Ба гуфтаи Бурӣ Каримов, муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар охири солҳои 80 Рамазон Абдулатифов бо Тоҷикистон ошноӣ дорад ва ба ин мақом таъйин шудани вай амале ҳисобшуда аст. Аз дафтари матбуоти Рамазон Абдулатифов дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Абдулатифов дар симати сафири кабир ва намояндаи фавқуллодаи Федеросиюни Русия дар Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи июн вориди Душанбе хоҳад шуд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG