Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои коркарди захираҳои табиии Бадахшон озмун эълон кард


Идораи заминшиносии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди захираҳои зеризаминӣ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар миёни ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ озмун эълон кард. Сарвари экспедитсияи ҷустуҷӯи геологии Помир Зуҳур Ёров мегӯяд, дар қаламрави ин вилоят 8 минтақаи омӯхташудаи захираҳои тило, нуқра, волфрам, молибден ва сангҳои гаронбаҳо мавҷуд аст. Ба ақидаи вай, кони тилои Мускул яке аз калонтарин конҳои тило дар ҷаҳон мебошад, вале истихроҷи ин филиз дар Мускул бо сабаби шароити сахти ҷуғрофӣ сармоя ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Дар гузашта бархе аз ширкатҳо ба захираҳои Бадахшон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, аммо кори амалӣ дар он ҷо бисёр кам сурат гирифтааст. Ҳукумати вилояти Бадахшон изҳори умедворӣ мекунад, ки коркарди захираҳои бешумори зеризаминӣ минтақаи дар ҳоли ҳозир камбағалро ба яке аз маҳалҳои пешрафта ва сарватманди кишвар табдил хоҳад дод. Инчунин гуфта мешавад, дар ҳоли ҷалби сармояҳои беруна ба коркарди ин захираҳо барои ҳазорон нафар шуғл ва даромад эҷод хоҳад шуд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG