Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишкони тоҷик ба албумини бепул ва беҳтар рӯ овардаанд


Пизишкони Тоҷикистон ба усули нави тавлиди албумин, моддаи зарурӣ барои табобати бемориҳои ҷигар, даст ёфтанд, ки аз харҷи зиёд дар хариди ин доруи муҳим ва истифодаи албумини тақаллубӣ пешгирӣ мекунад. Мудири Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, академик Ғиёсиддин Меъроҷов, ба хабаргузории Ховар гуфтааст, дар Тоҷикистон усули ултрафилтратсияи моеъи атситӣ ба роҳ монда шуд, ки аз вуҷуди худи инсон, албуминро гирифта, дар шакли покиза онро ба инсон бармегардонад. Барои ин таҷҳизоти махсусе ба кор бурда мешавад.
Меъроҷов мегӯяд, солҳои охир, бо сабаби камбуди ин дору, ки асосан аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, анвоъи қалбакии он зиёд шудааст, ки истифодаи он вазъи беморонро бадтар мекунад ва ҳатто сабаби ҳалокати онҳо мешавад. Аз сӯи дигар, сад грамми он аз 180 то 220 сомонӣ нарх дорад, ки на ҳар бемор метавонад, ин қиматро бипардозад.
Қаблан ҳангоми ихроҷи моеъи изофа, ки бар асари бемории ҷигар дар пардаи шиками беморон ҷамъ меомад, албумин ва дигар модаҳои заруриро ҷудо карда наметавонистанд ва аз он даст мекашиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG