Пайвандҳои дастрасӣ

Мусиқии Live дар мусофирбарҳои Душанбе - нишонаи сарватмандӣ ва ё камбизоатӣ


Дишаб, вақте ман аз кор ба хона мешитофтам шоҳиди ин ҳодиса шудам. Ман дар мусофирбари рақами 25 нишастам ва дар он маршрутка, мутаваҷҷеҳ бошед, МУСИҚИИ ЗИНДА садо медод. Як марди, ба тасвири сару либоси ӯ таваҷҷӯҳ кунед, як марди кулоҳи хеле зебо ва шиму костюм дар бару галстук дар гардан ва дутор дар даст барои мусофирон бо завқ суруд мехонд:

Пораи суруди ӯст зери ин хатти сабз.

Лиласаф ин сурудхонӣ бо кайфияти нохуб сабт шудааст, вале дар даруни маршруткаи пур аз одам аз ин беҳтар ки дигар сабт кардан имкон надошт. Хонандаи ин суруд, Муродалӣ Давлатов - як марди чилу ду сола аст ва мегӯяд, ин таҷрибаи нахустин аст, ки мусиқии зинда вориди маршруткаҳои аз субҳ то нимашаб моломоли мусофир гаштааст. Таҷрибаи талх. Таҷрибаи талхе, ки зиндагии сангини мардуми имрӯзро инъикос мекунад. Таҷрибаи талхе, ки аз маҷбурияти мардум сарчашма гирифтааст. Маҷбурияте, ки аз вазъи сангини зиндагӣ аст. Зиндагии сангине, ки ҳар нафарро водор месозад, то барои фарзандонаш бо ҳар роҳе набошад қути лоямут пайдо кунад. Муродалӣ Давлатов - нахустин сарояндаи LIFE дар маршруткаҳои Душанберо низ шиками гуруснаву тани бараҳнаи чор фарзандаш чор сол қабл ба Душанбе овардааст:

«Мо дар деҳаамон, дар Ховалинг зиндагиямон қашшоқона мегузашт, ман дидам, ки зиндагиям намегузарад ин ҷо кӯчидам оилавӣ. Аввали омаданам мошин мешустам дар бозори Зелений. Дар Саховат мшиншӯӣ мекардам, дар Гипрозем. Баъзе ронандаҳо ҳаққамро медоданд, баъзеи дигар не. Баъд оқибат дуторро гирифтам ва дидам, ки ризқу рӯзӣ шуд.»

Муродалӣ Давлатов асосан дар ошхонаҳои миллӣ нишаста суруд мехонад. Ва дишаб нахустин бор буд, ки дар маршрутка бо ба истилоҳ закази мусофирон суруд хонд. Дар пеши чашми ман ӯ аз ин маршрутка як сомониву бист дирам, чизе муодили сӣ сенти амрикоӣ ба даст овард. Бо як сомониву бист дирам дар Душанбе як шоколади snickers ва ё як шишаи нимлитраи Coca Cola харидан мумкин аст. Як sandwich ҳудуди се сомонӣ нарх дорад ва дар ошхонаҳои миллӣ як коса шӯрбо низ қариб баробар ба нархи sandwich аст.

Аз Муродалӣ Давлатов пурсидам, ки бо ин дутори рӯзӣрасонаш дар як рӯз ба ҳисоби миёна чӣ маблағе ба даст меорад? Мегӯяд, ҳамон қадаре, ки дуздҳову рекэтчаҳо тараҳҳум кунанду ҳаққуззаҳмаи бо ангуштони захмин аз дуторнавозӣ ва садои гирифта аз сурудсароӣ ба даст овардаашро барояш боқӣ бигзоранд:

«Дар истгоҳ вақте мефароям, аз пасам мешавам, рост мемонанд ва пуламро кашида мегиранд. Мисол, 20 сӯм бошад, ду сомону сӣ дирамро медиҳад ва боқимондааш ризқи мо аст, гӯён мегирад. Ман, ки дасти зӯр надорам, ки бо онҳо даст ба гиребон шавам.»

Дар кӯчаҳои Душанбе, назди бозорҳо ва дигар ҷойҳои серодам низ сарояндаҳои кӯчагӣ зиёданд. Аз Муродалӣ Давлатов суол кардам, ки оё вақте нахустин бор миёни мардум дутор гирифта суруд месуруд, шарм мекард ё на? Ӯ хомӯш истод, баъд бо сари хам чанд ҳарфе ба забон овард, ки на посух ба суоли ман буд:

«Клиентҳо хайр бисёранд, талаб мекунанд, ҳақамро медиҳанд, 5-10 сомон ва мегӯянд, бихон.»

Ва ӯ мехонад.
XS
SM
MD
LG