Пайвандҳои дастрасӣ

Телефону радио дар деҳот низ бе сим кор хоҳанд кард


Дар ин бора раиси ин бахш Раҳмоналӣ Ҳасанов, дар як нишасти матбуоти иттилоъ дода, афзуд, дар заминаи стансияҳои кӯҳна таҷҳизоти ададӣ ё рақамӣ васл ва ҷиҳати таъсиси алоқаи дубора бо деҳот дар стансияҳо дастгоҳ барои телефонҳои бесим сохта мешавад.Вай гуфт, барои тармим ва таҷдиди як чунин стансия дар марокизи навоҳӣ ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ё 100 ҳазор доллар харҷ мешавад, ки дар чанд ноҳияи вилоят бо қарзи Банки аврупоии рушд ва бозсохт хатҳои телефонии сокинон бо истгоҳҳои ададии мухобиротӣ васл карда шудааст.
Барои барқарор намудани хатҳои радио дар манзили сокинон тасмими дигар гирифта шудааст ва аз тариқи дастгоҳҳои муосири пахши мавҷ дар маркази навоҳӣ сокинони деҳоти вилоят ба радиоҳои бесим дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Чунин радиоҳои бесимро, мегӯяд, Ҳасанов, мардум метавонад аз ширкати "Тоҷиктелеком" харидорӣ кунад ва аҷиб ин аст, ки дар сурати қатъ гаштани интиқоли барқ низ ин дастгоҳҳои радиошунавонӣ хомӯш намегарданд. Зеро ба гуфта ӯ радиоҳои мазкур ба дастгоҳҳои пахшкунандаи мавҷ дар маркази навоҳӣ васл шудаанд ва стансияҳои паҳнкунандаи мавҷ бошад дар ин маврид аз тариқи дастгоҳҳои барқтавлидкунии дизелӣ фаъол хоҳанд гашт.
Қӯрғонтеппа.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG