Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳви надик ба 340 килограм маводи мухаддир


Рӯзи 27 май дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, наздик ба 340 килограм маводи мухаддир сӯзонида шуд, ки 200 килограмаш ҳероин буд. Файзулло Гадоев, сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорат, ба радиои Озодӣ гуфт, ин миқдор маводи мухаддир дар соли 2004 ва нимаи аввали соли равон кашфу мусодира шудааст. Чунин мавод замоне маҳв карда мешавад, ки таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ ба поён расида, зарурат ба нигаҳдошти далели шаъйӣ боқӣ намонда бошад. Барои кӯшиши қочоқи ин мавод 230 қочоқбар бо шумули 3 зан ва 2 шаҳрванди Афғонистонро додгоҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Намояндаи вазорат гуфт, ин мавод дар ҳоле мусодира шуд, ки сохторҳои зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз камбуди нақлиёт ва таҷҳизоту фанновариҳои замонавӣ азият мекашанд. Ба гуфтаи ҷаноби Гадоев, дар ислоҳи чунин вазъ кӯмаки созмонҳои байналмилӣ ва кишварҳои хориҷӣ зарур аст. Созмони Милали Муттаҳид, сафоратҳои Амрико ва Олмон дар Тоҷикистон майл кардаанд, ба раёсати зидди маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кӯмак расонанд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG