Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Financial Times": Ғарб Ӯзбакистонро аз даст медиҳад?


Баррасии Салими Аюбзод

Чин ва Ӯзбакистон ба созиш расиданд, ки барои коркарди захираҳои нафт дар Бухоро ва Хива корхонаи муштараке бо 600 миллион доллар таъсис диҳанд. Ин паймон дар рафти сафари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ба Чин ба имзо расид. Чин розӣ шуд дар Ӯзбакистон тавлиди телефонҳои дастиро ба роҳ монад. Барномаҳои нави Чин дар Ӯзбакистон 15 ададро ташкил доданд.
Ду ҳафта пеш президенти Кореяи Ҷанубӣ Ро Му-Ҳюн дар Ӯзбакистон сафари серӯзаи давлатӣ анҷом дод ва дар рафти он низ аз барномаҳои нави иқтисодии дутарафа хабар дода шуд. Кореяи Ҷанубӣ бузургтарин сармоягузори Ӯзбакистон мебошад ва ҳаҷми умумии сармояи он дар Ӯзбакистон акнун ба 1 миллиарду 400 миллион доллар расидааст.
Бо зикри ин ду хабар, рӯзномаи "Financial Times" менависад, дар ҳоле ки ширкатҳои Ғарб аз ҳамкорӣ бо Ӯзбакистон даст мекашанд ва Банки ҷаҳонию Сандуқи байнулмилалии пул мадади молиявиро ба ҳукумат қатъ карда, танҳо ба ёриҳои маҳаллӣ гузаштаанд, ҷои онҳоро дар Ӯзбакистон кишвар ва ниҳодҳои молиявии Осиё мегиранд. Банки осиёии рушд аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Ӯзбакистон шод аст ва ширкатҳои Ҷопон бо барномаҳои нав ба ин кишвар меоянд. Ва дар ҳоле ки давлатҳои Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафтори ҳукумати Ӯзбакистонро дар Андиҷон маҳкум карданд, кишварҳои Осиё ё сукут варзиданд ва ё аз тасмими Каримов пуштибонӣ карданд. Ҳамаи ин вазъ, аз нигоҳи рӯзномаи "Financial Times" оё бар зарари ширкатҳо ва сармояи ғарбӣ ба поён намерасад? Нашрия хулоса мекунад, ки аз даст додани Ӯзбакистон аз лиҳози сиёсаӣ ва иқтисодӣ барои Ғарб ва Амрико бохти бузурге хоҳад буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG