Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯсти наздики тамоми атфоли Тоҷикистон 70-сола шуд


Майдони шеъри ноби форси тоҷикӣ хеле паҳновару бузург аст, ки дар он садҳо ва шояд ҳазорон шоиру нависандагон нопадид будаанд. Ва аммо дар ин жарфно будаанд, мардуме, ки барои худ фазои холӣ ҷустаанд, то дар баробари ашъори фалаксайри оламтасхири Рӯдакиву Фирдавсӣ Ҳофизу Хайём бенишон нагарданд. Адибон бар ин назаранд, ки халои адабиёти форсу тоҷик ин ҳамон халои шеъри кӯдакона будааст, ки аз аввал то ба охир бидуни «Достони Мушу Гурба»-и Убайди Зоконӣ, ки низ даъват ба ваҳдати рӯҳонӣ будааст, чизи дигар дар ин маврид адабиёти мо дар даст надоштааст.

Ва ин халоро шурӯъ аз Мирсаид Миршакару Убайди Раҷаб шуарои тоҷик дар асри 20 писандидаву дар асри 21 ҳамин самти адабиётро пурраву комилтар кардаанд. Наримон Бақозода, шоири маҳбуби атфол мегӯяд, «шеъри кӯдакона талаби замон аст ва ба унвони мисол шояд на ҳама аз каломи сеҳрангези устодони назми муосири тоҷик порае қироат карда тавонад ва аммо низ кам нафареро метавон дучор гардид, ки пораи шеъри устод Мирсаид Миршакарро «Ман калон мешавам, Қаҳрамон мешавам»-ро надонад».

Устод, на, шояд беҳтару хуштар аст, ки бигӯем, ҳамакнун Бобои кӯдакон ва пас аз Мирсаид Миршакару Убайди Раҷаб як тан аз аламбардорони адабиёти атфоли тоҷик Наримони Бақозода авоили ҳафтаи ҷорӣ ба синни мубораки 70 расид. Ва табиист, ки Наримон Бақозода танҳову танҳо бо рафиқони шафиқи хеш аз ин син ҷашн гирифт ва толори хонаи синамогарони тоҷикро моломоли атфоли шеър ба лаб карда буд.

Адабиёти бачагонаро набояд саҳл гирифт. Ба гуфтаи Камол Насрулло, муовини раиси Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон шеъри бачагона на танҳо шеър, балки даъват аст: даъват ба созандагӣ ва шиор аст, шиори ватанпарастиву ватанхоҳӣ ва ин ду бояд бо шири модар ба ботини тифл роҳ ёбанд ва танҳо ҳамингуна метавон, барои ҷомеъа як кӯдакеро саршор аз ҳуввияти милливу меҳанпарастӣ ҳадя кард. Устод Камоли Насрулло, ки низ барои атфол шеърҳо навиштаанд, мегӯянд, хидмати Наримон Бақозода дар рушди адабиёти мазбур назаррас будааст.

Ва аммо адабиёти бачагона дар таҳкими сулҳи комили тоҷикон низ корҳои назаррас кардааст. Сар аз соли 1996 гурӯҳи адибони тоҷик барои нахустин бор пас аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ довталабона ба нуқоти доғтарин сафар карда, дар баробари садои тиру тӯп суруди ваҳдат хондаанд ва занги кину кудуратро аз қулуби атфол ва ҷавонон шустаанд. Устод Наримон Бақозода мегӯяд, адибони саршиносе ҳамчун Убайди Раҷаб, Азизи Азиз, Камоли Насрулло, Латофат дар марзи Афғонистону Тоҷикистон барои паноҳандагони тоҷик, дар он сӯи рӯди Омӯ тавассути садогир шеърҳо гуфтаанд.

Наримон Бақозода муаллифи 4 маҷмӯъа «Дафтари мо кони 5», «Оши ҳалол», «Паравоз», «Иди Алифбо») ва ду намоишномаи театрии «Бахтатро бедор кун!», «Кадри ҳавоӣ» ва нахустин операҳои тоҷикии кӯдакона « Хонаи Заргӯшбибӣ» ва «Бузаки ҷингилапо» дар ҳамкорӣ бо бастакор Фаттоҳ Оиднаев аст, ки ба иттилоъи санъатшиносон дар маҷмӯъ дар рушди маънавии насли наврас таъсири равонии амиқ доштаанд.

Дар ин зимн адибон даҳҳо асару намоишномаҳо дар саҳни театри лӯхтак ва тамошобини наврас рӯи кор овардаанд, ки ба ҷумлагӣ давъват ба ваҳдат, донишандӯзӣ, одоб ва майҳанпарастӣ будаанд. Ва дар замоне, ки гӯши соҳиб кар аст, рӯ ба майдони ададбиёти ба истилоҳ бачагона овардани адибони саршинос ҳамчун Камоли Насруллоҳу Сафар Айюбзодаи Маҳзун ва соири дигар шуарои тоҷик далели ба қитъаи махсус ва вижаи марғзори адаби ақландаршигифти шеъри ноби форсии тоҷикӣ бадалгардии адабиёти атфол будааст.
XS
SM
MD
LG